Дар Душанбе вазъи ҳуқуқи инсон, мушкилот ва дурнамои он муҳокима шуд

Декабрь 10, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 10.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Ҳуқуқи инсон: мушкилот, роҳи ҳал ва дурнамо» конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конфронси мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қабули Эъломияи ҳуқуқи башар доир гардида, дар он намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва олимону муҳаққиқон ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки имрӯз дар тамоми мамлакатҳои олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз  дар ин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки соли равон аз ин сана 71 сол сипарӣ шуд.

Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.

Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад. Он соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби  асосгузори давлати Ҳахоманишиён-шоҳ Куруш қабул гардидааст. Ба андешаи таърихшиносон,   Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» низ маълум ва  машҳур буда, дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.

«Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад»,-илова намуд Ҷаҳонгир Саъдизода.

5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».

Эъломияи мазкур ҳамчун маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст. Матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки дар конфронс олимону муҳаққиқон оид ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузории мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан гуфта, вазъи санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар ин ҷода баррасӣ намуданд.

Декабрь 10, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд