Дар Кӯлоб сайёҳи хориҷиро наҷот доданд

Декабрь 4, 2019 15:09

КӮЛОБ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб як сайёҳи хориҷӣ аз марг раҳо ёфта, баъди  амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар ин бора мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи мазкур Шералӣ Холматов иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, 30 ноябр шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ви Неоҷунхуин ба беморхона интиқол ёфта, бистарӣ гардид. Сайёҳи хориҷӣ  Ви  Неоҷунхуин моҳи апрели соли равон бо дучарха ба саёҳат баромада,  ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Яхчипуни  Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Ш.Шоҳин бинобар сабабе, ки дучархааш нуқсони техникӣ доштааст, афтида, аз қисмати косахонаи сар осеби вазнин дидааст.

Сайёҳи хориҷӣ нуҷумшинос ва физик буда, ҳангоми аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба самти Душанбе ҳаракат кардан ба ин садама  дучор шудааст.

Айни замон бемор дар ҳолати беҳушӣ (комаи 1) ва бо гузариш ба комаи 2 қарор дорад. Ҷарроҳӣ 4 соату 10 дақиқа давом карда, он аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ — мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Шералӣ  Холматов, ҷарроҳи асаб  Одилҷон Шерматов ва номзади илми тиб Самад Ҳусайнов анҷом дода шудааст.

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии минтақавӣ ва беморхонаи вилоятӣ бемор бо хӯрок ва дорувории ройгон таъмин карда мешавад. Айни замон бемор зери назорати қатъии духтурон қарор дорад.

Декабрь 4, 2019 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд