Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Душанбе пиёдагард ба ҳалокат расид

Декабрь 12, 2019 11:21

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11  декабр, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс»,  сокини ноҳияи Рӯдакӣ  Фармон Абдиеви  30-сола ҳангоми ҳаракат аз  кӯчаи А.Деҳотӣ  ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар ҳудуди кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон — сокинони кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ — Мақсуда Сангова ва Маҳина Худойназароваро,  ки ҳар ду 19 сол доштанд,  пахш намудааст.

Дар натиҷа М.Сангова ва М. Худойназарова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаассифона, пиёдагард М.Сангова  аз сабаби ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Тибқи иттилои манбаъ,  ҳамон рӯз, 11 декабр, тахминан соати 06:30, ронандаи  мошини  тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Кучкак-Исфара-Гулистон», воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шаҳраки ноҳияи Исфара бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон,  сокини Ҷамоати деҳоти Чилгазии ҳамин ноҳия  Назиров Ёсин Ваҳҳобовичи  54-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа  Ё.Назиров  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мошини  тамғаи «Тайота-Ландкрузер»,  сокини Ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи мазкур, Носир Рӯзиматови 35-сола, бо гумони пахш намудани дучархарон дастгир карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки  бо вуҷуди андешидани тадбирҳои  зарурӣ  аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ  ҳанӯз ҳам  дар ҷумҳурӣ  масъалаи  дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои масъулини соҳа, аз аввали сол то  моҳи ноябр дар роҳҳои мошингарди  ҷумҳурӣ 107 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 317 нафар ба ҳалокат расида, 1100 нафари  дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳарчанд ин нишондиҳанда мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  коҳиш ёфтааст, аммо ин масъала  ҳанӯз ҳам ташвишовар   аст.

Соли гузашта 181  садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он  329  нафар ҳалок шуда,  1134  каси дигар  маҷрӯҳ гардида  буданд.

Дар ин зимн, БДА аз тамоми сокинон ва меҳмонони мамлакат даъват ба амал меоварад, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо  қоидаҳои ҳаракат дар онро  риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз ҷойҳои муқарраршуда, гузарҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузашта,  ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Декабрь 12, 2019 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст