ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ оид ба теннис ворид гардид
ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар шаҳри Лондон тибқи қарори Федератсияи байналмилалии теннис Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ оид ба теннис ворид карда шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Салимзода Каримҷон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, соли 2020 дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» намояндагони беш аз 30 давлати дунё иштирок менамоянд. Ба рӯйхати мусобиқаҳои байналмилалӣ ворид намудани мусобиқаи мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист варзиши тоҷикро ба ҷаҳониён муарррифӣ намуда, барои варзишгарони тоҷик шароити созгор ва инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварад.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19 марти соли 2005 инҷониб ҳамасола 23 — 27 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур- рушд додани ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни миллатҳою варзишгарон мебошад.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






