Кормандони милитсия муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгариро пешгирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахтро, ки хонандаи синфи 11-и яке аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр мебошад, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳангоми кофтуков аз номбурда 4 ҳазору 500 дона маводи тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва мусодира гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дигари фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар ҷавонони 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бӯстони вилояти Суғд бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир шуданд.
Ҳангоми кофтуков аз дохили борхалтаи ҷавонони номбурда 3 ҳазору 607 дона маводи тарфгарии намуди «Трения» ва «Хлопушка» дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мутаассифона, бо фаро расидани Соли нави мелодӣ баъзе аз нафарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ машғул мешаванд. Ҳол он ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилот ва ба фурӯш баровардани ин мавод қатъиян манъ карда шудааст.
Дар моддаи 199, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «1.Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори начандон калон ё дар давоми сол пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдорҳо агар ба миқдори калон содир шуда бошанд, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникӣ) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ, ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад».
Доир ба ин қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир гардида, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






