Манъи пӯшидани либоси арабӣ дар бузургтарин донишгоҳи Сурия
ДУШАНБЕ, 10.12.2019/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд донишҷӯёни донишгоҳи бузургтарини Димишқ наметавонанд бо либоси арабӣ вориди донишгоҳ шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sham FM.
Ба иттилои манбаъ, тасмими мазкур аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ ва ректори он гирифта шуд. Ҳамзамон пӯшидани либоси варзишӣ ва шалвари кӯтоҳ низ барои донишҷӯён манъ карда шуд.
Гуфта мешавад, дарбонҳои ин боргоҳ аллакай муваззаф карда шуданд, ки аз вуруди нафароне, ки либосҳои манънамударо ба бар доранд, ҷилавгирӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки ниқоб дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ хеле маъмул аст, аммо дар Ислом бар хилофи ҳиҷоб пӯшидани ниқоб шарт нест.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар кӯдакистонҳо ва макотиби Олмон пӯшидани ҳиҷобро то андозае маҳдуд намуданд.
Роҳбари Иттифоқи масеҳии демократӣ Аннегрет Крамп- Карренбауэр ба пӯшидани ҳиҷоб барои духтарони мактабхон ва кӯдакистонҳо мухолифат карда, дархост намудаст, ки дар бар кардани он дар ин муассисаҳо манъ карда шавад,
«Пӯшидани ҳиҷоб кӯдакони хурдсолро ҳам дар макотиби ибтидоӣ ва ҳам дар кӯдакистонҳо ба бегона табдил медиҳад. Мо мехоҳем ба ҳар ҳол инро пешгирӣ кунем», — афзудаст роҳбари ИМД.
Ба боварии Крамп- Карренбауэр, пӯшидани ҳиҷоб дар ин синну сол нишонаи диндорӣ нест, балки талаботи волидони кӯдакон мебошад.
Гузашта аз ин, вай бовар дорад, ки рӯмол ба муоширати кӯдакони мусалмон ва масеҳӣ халал мерасонад, зеро кӯдакони ҳиҷобпӯш ҳамчун «бегона» қабул карда мешаванд.
ДАР АКС: машғулият дар Донишгоҳи Димишқ (Сурия)








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






