Милитсияи Душанбе 3 нафар қиморбозро дастгир намуд

Декабрь 9, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ   дар шаҳри Душанбе 3 нафар қиморбозро дастгир намуданд, ки дар бозору маконҳои серодамаи пойтахт ба қартабозӣ бо пул машғул шуда, бо роҳи фиребу макр маблағҳои шаҳрвандонро аз они худ мекардаанд. Бо дарназардоти ҳолатҳои мазкур нисбат ба  номбурдагон санадҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Бо  ҳукми Суд нисбат ба  ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастгиршудагон сокини 35-солаи ноҳияи Восеъ Баротов Муродалӣ Тошмадович, зодаи  дигари ҳамин ноҳия  Олимов Зафар Файзовичи 43-сола ва истиқоматкунандаи  шаҳри Кӯлоб  Шоқулов Шаҳзод Мустафоевичи 35-сола мебошанд, ки қаблан низ чандин маротиба барои машғул шудан ба қиморбозӣ боздошт ва нисбат ба онҳо  тадбирҳои  қонунӣ андешида шуда буд.

Аммо ин нафарон ба ҷойи ба хулосаи зарурӣ омадан ва даст кашидан аз  мардумфиребӣ боз  ба чунин  кирдори ношоиста даст заданд, ки  барои ин  амалашон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Декабрь 9, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид