Муҳаррири Радиои «Ховар» Хуршед Андамов — ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Солимии деҳаи ман — неруи асосии ман»

Декабрь 27, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаррир ва ровии  барномаҳои таҳлилии «Гуфтугӯ» ва «Мавқеъ»-и Радиои «Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Хуршед Андамов ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Солимии деҳаи ман-неруи асосии ман» гардид.

Тавре хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, озмуни мазкур аз ҷониби Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар озмун 50 нафар рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Хуршед Андамов барои таҳияи маводи радиоӣ дар мавзӯи «Солимии деҳот — солимии ҷомеа» ғолиб дониста, бо ҷоиза қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин кормандони воситаҳои ахбори омма Ибодат Давлатова, Шамсулло Фозилов, Миҷгона Ҳалимова ва дигарон  аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин маводи телевизионӣ, радиоӣ, нашрия ва сомонаи интернетӣ бо ҷоиза қадрдонӣ шуданд.

Озмуни  ҷумҳуриявии «Солимии деҳаи ман-неруи асосии ман»  соли дуюм аст, ки миёни  рўзноманигорон ба роҳ монда мешавад.

Декабрь 27, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст