Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои соли таҳсили 2020-2021-ро эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва PhD дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Венгрия бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо гардидаанд.
Қабули хуҷҷатҳо тариқи онлайн дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/ то 14 январи соли 2020 идома меёбад. Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки баъди бақайдгирӣ ба тариқи онлайн худро дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ҳатман номнавис намоянд.
Барои дастрас намудани маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (суроға: ш.Душанбе, кўчаи М.Турсунзода 47) тавассути телефонҳои боварии +992 37 2-21-18-83 ва 2-23-23-59 муроҷиат намоянд.
Қобили қайд аст, ки МД «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи давлатист, ки барои муаррифии муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ дар ҶТ ва фиристодани довталабон барои идомаи таҳсил дар онҳо вазифадор мебошад.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






