Нақши соҳаи хӯроки умум дар рушди сайёҳӣ. Ин мавзӯъ зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баррасӣ гардид

Декабрь 12, 2019 14:08

ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши соҳаи хӯроки умум дар рушди сайёҳӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва дигар иншооти соҳаи хӯроки умумӣ ташкил шуд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои риштаи сайёҳӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки сайёҳӣ маълумотро дар бораи давлат– табиат, фарҳанг, таърих ва мероси фарҳангӣ, таому нўшокии миллӣ ва урфу одати мардуми он фаро мегирад. Имрӯзҳо маҳз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати “дарҳои кушод”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам оварда шудааст, ки фарҳангу анъана, оинҳои миллии тоҷикӣ ва захираҳои бузурги сайёҳии мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда шаванд.

Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, меҳмонону сайёҳони хориҷиро бештар таомҳои миллии тоҷикӣ ҷалб сохта, таассуроти худро дар шабакаҳои телевизионӣ ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷолибу рангин баён менамоянд. Дар ин самт моро зарур аст, ки ба сатҳ ва сифати хизматрасонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, одоби меҳмондорӣ ва муошират бо сайёҳону меҳмононро хуб омӯхта, риоя намоем ва меҳмоннавозии тоҷиконаро фаромӯш накунем.

Имрӯзҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва ба меъёрҳои муосир баробар намудани онҳо, бо ҷалби коршиносони милливу байналмилалӣ курсҳои бозомӯзӣ ташкил шуда истодаанд.

Аз ҷумла, соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва ҷойгиркунии онҳо дар меҳмонхонаҳо бо ҷалби коршиносони соҳа семинари омӯзишии низоми истифодаи сомонаи Booking.com баргузор гардид.

Дар семинари мазкур мутахассиси соҳаи Booking.com ба намояндагони меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҷиҳати сабти онҳо дар сомонаи Booking.com ва истифодаи он дарси омӯзишӣ гузаронида, барои омӯхтани системаи Booking.com ба иштирокчиён маводи зарурӣ дастрас намуд.

Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки сайёҳон аз хизматрасонии муносиб ва меҳмоннавозии тоҷикона бештар баҳравар гарданд.

Ҳамчунин вобаста ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ лоиҳаи низомномаи фаъолияти кори Комиссияи байниидоравӣ оид ба муайян намудани мақом ва баҳогузории меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки тасдиқ ва татбиқи он ба пешрафти хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Аз ҷониби Кумита баҳри бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмунҳои “Беҳтарин армуғони сайёҳӣ”, “Беҳтарин меҳмонхона”, “Беҳтарин минтақаи сайёҳӣ”, “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, “Беҳтарин осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ”, “Беҳтарин мағозаи фурӯши армуғон”, “Беҳтарин роҳбалад” эълон гардидаанд, ки онҳо рӯзҳои наздик ҷамъбаст карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди навъҳои нави сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии гастрономӣ дар мамлакат заминаи мусоид гузошт. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гашта, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз лаззати таомҳои миллӣ баҳра мебаранд.

Маҳсулоте, ки асоси таомҳои миллии тоҷикон мебошанд, таърихи қадимӣ доранд ва бо ҳар минтақа ва фарҳанги он алоқаманданд. Таомҳои гуногун ва дастархондорию меҳмоннавозии тоҷикӣ сайёҳонро ҳама вақт дар ҳайрат мегузорад.

Дар пухтупазҳои тоҷикӣ оши палав ҷои махсус дорад. Оши палав ба қатори мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Мунтазам баргузор намудани фестивалу идҳо, аз ҷумла иди “Оши палав”, фестивали “Хӯрокҳо ва пуфакҳои ҳавоӣ”, фестивали баҳории хӯрокҳои миллӣ, озмунҳои “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам”, “Хӯришҳои миллӣ”, “Яхмос ва обҳои ташнагишикан” ва дигар иду ҷашнҳо, инчунин ба кор оғоз кардани тарабхонаву ошхонаҳо бо унсурҳои миллӣ ба рушди саёҳати гастрономӣ ва ҷалби бештари сайёҳон такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар ин замина, хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, сайёҳон аз иду фестивалҳо боздид менамоянд ва аз хизматрасонии ошхонаву тарабхонаҳо васеъ истифода мебаранд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ҳайати эҷодии барномаи “Поедем, поедим” телевизиони “НТВ”- и Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ ташриф оварда, мавзеъҳои сайёҳӣ, урфу одатҳо ва хӯрокҳои миллии мардуми тоҷикро ба навор гирифтанд.

Барномаи мазкурро аз шабакаи телевизионии “НТВ”-и Федератсияи Россия 2 миллиону 500 ҳазор нафар, инчунин дар шабакаи иҷтимоии “Youtube” 7,27 миллион нафар ҳаводорони шабакаи “НТВ” нафар дидан намуданд.

Дар кори ҳамоиш ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони соҳа вобаста ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ҳангоми қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо маърӯзаҳо пешкаш карда шуданд.

Инчунин барои иштирокчиён дар толори тарабхонаи “Меҳмонхонаи Тоҷикистон” намоиши хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо ва ҳамзамон тарзи дуруст оростани дастархон манзури ҳозирин гардонида шуд.

Декабрь 12, 2019 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид