Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «Арифметикаи зеҳнӣ — Гурҷистон-2019» мукофотонида шуданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими истиқболи ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «Арифметикаи зеҳнӣ — Гурҷистон-2019» баргузор гардида, онҳо бо «Ифтихорнома»-и Раёсати маорифи ВМКБ, «Ифтихорнома»-и шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи ВМКБ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ғолибонро дар назди бино сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов ва дигар кормандони соҳаҳои маорифи шаҳру вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 22 ноябр дар шаҳри Тблисии Ҷумҳурии Гурҷистон аз тарафи Ассотсиатсияи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ (GAMA) Олимпиадаи IV байналмилалии «Арифметикаи зеҳнӣ- Гурҷистон – 2019» баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар он хонандагон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо ҳам рақобат карданд.
Аз муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хонандагони зерин, ки дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ тайёрӣ мебинанд, аз номи Тоҷикистон дар ин олимпиада ширкат варзида, сазовори чунин ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
-хонандаи синфи 7-уми МТМУ №2 шаҳри Хоруғ Зӯҳро Шафиева сазовори ҷойи 3- юм;
-хонандаи синфи 5-уми МТМУ №7 шаҳри Хоруғ Зӯҳро Алифбекова сазовори унвони чемпиони мутлақ (супер чемпион);
-хонандаи синфи 4-уми муассисаи таълимии Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Зӯҳро Элназарова сазовори ҷойи 1-ум;
-хонандаи синфи 6-уми муассисаи таълимии Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Хайруллобек Абдуламиров сазовори ҷойи 1-ум;
-хонандаи синфи 7-уми муассисаи таълимии Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Аниса Имомберидиева сазовори унвони чемпион;
-хонандаи синфи 6-уми муассисаи таълимии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ Шоғиёс Мамадризохонов сазовори унвони чемпион;
-хонандаи синфи 4-уми муассисаи таълимии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ Абдулназар Мавлоназаров сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






