Пагоҳ дар хатсайри №16 микроавтобусҳои муосир сафарбар карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 дар хатсайри №16 ҳаракати микроавтобусҳои нав ва муосир сафарбар карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Манбаъ ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки мақсад аз ин иқдом боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.
«Нуқтаи аввали хатсайр маҳаллаи Чортеппа ва охири он маҳаллаи Чаноро мебошад»,- омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки микроавтобусҳои муосир таҳти номгузории хатсайри мардумии «Мусича» сафарбар гардида, раванди пардохти ҳаққи роҳкиро дар онҳо пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ду соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






