Пагоҳ дар хатсайри №16 микроавтобусҳои муосир сафарбар карда мешаванд

Декабрь 30, 2019 17:06

ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 дар хатсайри №16 ҳаракати  микроавтобусҳои нав ва муосир сафарбар карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки мақсад аз ин иқдом  боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.

«Нуқтаи аввали хатсайр маҳаллаи Чортеппа ва охири он маҳаллаи Чаноро мебошад»,- омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки микроавтобусҳои муосир таҳти номгузории хатсайри мардумии  «Мусича»  сафарбар гардида, раванди пардохти ҳаққи роҳкиро дар онҳо пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ду соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

Декабрь 30, 2019 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад