«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ» — Форуми ҷумҳуриявии волонтёрон дар Душанбе

Декабрь 5, 2019 14:32

ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии  волонтёрон  таҳти унвони «Пайравони Пешвои  миллатем» Форуми ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар форуми мазкур волонтёрони фаъол аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз намуд, ки  «волонтёрӣ  мактаби бузурги далериву шуҷоат буда, инсон дар он донишу малакаи худро сайқал медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти ҷомеа мегузорад. Ҳоло дар ҷомеа мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо хуб дарк гардидааст. Ҳамарӯза шумораи волонтёрон аз ҳисоби ҷавонон зиёд мегардад. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки  дар ин рӯҳия тарбия ёфта, вақту дониш ва имконияти  худро  ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд».

Ба зикри муовини озоди  Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Маҳинбону Шарифӣ, фаъолияти волонтёрӣ  ҳоло  дар тамоми самтҳо васеъ истифода мешавад. Волонтёр ҳамон нафаре шуда метавонад, ки дорои қалби меҳрубон бошад, идея ва ташаббусҳои нав дошта, манфиатҳои давлату ҳукуматро аз манфиатҳои  худ боло донад.

«Волонтёрон шахсоне мебошанд, ки  дар вақтҳои холии худ ройгон ба фоидаи ҷомеа кор карда, подош талаб намекунанд. Онҳо  ба одамон кумак расонида, барои пешрафти ҷомеа хизмат менамоянд.  То имрӯз волонтёрон  дар баргузории як зумра барномаҳои  сиёсӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ,  варзишӣ ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузоштаанд»,-гуфт Маҳинбону Шарифӣ.

Ба ибрози номбурда,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» соли  2013 қабул гардид. Аз  5 марти соли 2014 бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян карда шуд.  Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат  дар самти фаъолияти волонтёрӣ имкониятҳои зиёд фароҳам шуда, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш «Клуби волонтёрон» ташкил карда  шудааст.

Донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Неъматулло Қурбонов мегӯяд, ки фаъолияти волонтёрӣ ҷабҳаҳои васеъ дошта, метавонад дар замири ҷавонон ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва пеш аз ҳама, худшиносиро  бедор кунад.  Маҳз фаъолияти волонтёрӣ метавонад ҷавононро аз бекорӣ боз дорад.

«Ман чанд сол аст, ки ба ин гуна фаъолият пардохтаам ва аз ин мактаб барои худ бисёр чизҳо омӯхтам. Фаъолияти волонтёрӣ буд, ки имрӯз ман бо ҷавонони се вилояти ҷумҳурӣ дӯстӣ дорам ва дар  чорабиниҳои сатҳи  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоям»- гуфт Неъматулло Қурбонов.

«Имрӯз ман ифтихор аз он дорам, ки дар ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои  миллат» волонтёр ҳастам. Зеро танҳо ба воситаи ин фаъолият ман дастгирӣ ёфта, аз минтақаи Рашт ба шаҳри Душанбе омада, дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсили илм мекунам. Метавонам гӯям, ки ман худро  тавассути ин фаъолият дар ҷомеа шинохтам ва мавқеи худро дар он пайдо намудам», — мегӯяд волонтёр Руҳангез Пирмаҳмадова.

Ёдовар мешавем, ки 5 декабр ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз тарафи  Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 пешниҳод шуда, аз ҳамон сол инҷониб он ҳамчун иди расмӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ  имрӯз дар тамоми самтҳо фаъолияти волонтёрӣ васеъ истифода мешавад.

«Волонтёр» калимаи франсавӣ буда,  маънои мададгори ихтиёриро дорад. Волонтёр   шахсе мебошад, ки ба манфиати  Ватан ва мардуми худ ройгон, бидуни миннат ниҳодан   кумак мерасонад ва барои хизмати кардааш подош талаб намекунад.  Волонтёрҳо мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаи худро орому осуда нигоҳ доранд. Фаъолияти волонтёрӣ маҳз барои кумак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа равона гардидааст.

                                                                  Холисаи АСОМИДДИН,
                                                                           АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 5, 2019 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид