Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро дар ноҳияи Хуросон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Декабрь 21, 2019 10:14

ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муссисаҳои нав ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароитҳои кории иншооти нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати бештар аз 2800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Лоиҳаи иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир тарҳрезӣ гардида, дар он шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар иншоот 6 ҳуҷраи корӣ бунёд ёфта, ошёнаи якуми бино барои қабули шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамаи утоқҳо дастгоҳ ва аёниятҳои корӣ насб гардида, бо компютер ва хати баландшиддати интернет таъмин мебошанд. Чунин шароит минбаъд имконият медиҳад, ки дархосту аризаи шаҳрвандон сари вақт қабулу баррасӣ гарданд.

Таҳхонаи бинои навбунёд барои бойгонӣ пешбинӣ гардида, дар он ҳуҷҷату санадҳои нафақагирон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳо толори хурди муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст.

Намои берунаи бинои мазкур низ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои рангоранг оро ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳия 8231 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст ва хизматрасонӣ ба онҳо тариқи корти бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Солҳои қаблӣ набудани шароити корӣ яке аз мушкилоти асосии кормандони он буд. Ифтитоҳи бинои навро кормандони Агентӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба нафақагирону маъюбон ва шахсони барҷомонда чораҳои зарурӣ андешанд. Муомилаву муоширати хубро бо онҳо дар мадди аввал гузоранд, зеро ин гурӯҳи аҳолӣ бештар аз дигарон муҳтоҷи ғамхорианд ва зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Хуросон   21.12.2019

Декабрь 21, 2019 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд