Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад

Декабрь 19, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 19.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки муқаррароти  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд М.С. Очилдиева, сокини шаҳри Турсунзода, бар хилофи талаботи моддаи 9 қисми 1-и Қонуни миллӣ, ки тибқи он гузаронидани хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон муқаррар шудааст, амал кардааст.

«Мавсуф 3 июли соли 2019 дар манзили истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон ва иштироки зиёда аз 50 нафар хатнасури писарашро бо додани таом аз соати 19:30 то 21:00 гузаронидааст», — афзуд манбаъ.

Ҳамин тариқ, 19 июли соли равон нисбат ба М.С. Очилдиева аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода бо моддаи 481 кисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳр ирсол карда шуд.

13 августи соли 2019 бо қарори суди шаҳр нисбат ба номбурда барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба андозаи 100 нишондиҳанда  барои ҳисобҳо (баробар ба 5500 сомонӣ) ба фоидаи давлат ҷарима мукаррар карда шуд.

Декабрь 19, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид