Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Тошканд рафт

Декабрь 3, 2019 10:13

ДУШАНБЕ, 03.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз бо сафари расмӣ ба  Ӯзбекистон рафт. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Ҳокими  ин шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  истиқбол гирифт,- иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА».

Ин аввалин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ пас аз таъйин шуданаш ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе ва Ҳокими шаҳри Тошканд  иҷрои бандҳои  Созишномаи ҳамкорӣ байни роҳбарони ду пойтахтро,  ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018  ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон  моҳи августи соли гузашта  ба имзо расида буданд, баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ,   фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкории ду шаҳр барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафари Раиси шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 4 декабр идома ёфта, дар ин сафар ба ҳайати  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла  муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсату шуъбаҳои  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони зерсохторҳои ин мақомот шомил мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи марти соли 2018  27 созишнома   ба  имзо   расид, ки аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд.

Аз ҷумла, дар ҷараёни он байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ Созишнома ба имзо расид. Ба ин Созишнома дар ҳузури роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд Раҳмонбек  Усмонов   имзо гузошта  буданд.

Декабрь 3, 2019 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад