САФАРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН. Тафсилоти бештари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи ҷузъиёти ин сафар

Декабрь 6, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,   3 декабр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба  Ӯзбекистон  сафар кард.  Ин аввалин сафари расмии  Рустами Эмомалӣ ба хориҷи кишвар пас аз таъйин шуданаш ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови пойтахти Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанберо ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва дигар шахсони расмии мақомоти ҷумҳуриявию  шаҳрии ин  давлат  истиқбол гирифтанд.

Сардори Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид  Ҳакимзода, ки шомили  ин ҳайат  буд,  ба АМИТ «Ховар»  хабар дод, ки худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Президенти Ӯзбекистон рушди босуръати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Ӯзбекистону Тоҷикистонро дар солҳои охир бо қаноатмандии махсус зикр намуд.

Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлати  бародар пешрафти ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин ба сатҳи шарики стратегӣ баровардани онҳо таъмин гардид.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ӯзбекистон барои истиқбол изҳори сипос намуда, паёми шодбошӣ ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба  Шавкат Мирзиёев расонид.

Зимни суҳбат паҳлӯҳои амалии густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ду давлат — Душанбе ва  Тошканд  баррасӣ шуданд. Масъалаи ба роҳ мондани муколамаи мунтазам дар чунин  самтҳо, ба монанди табодули таҷриба дар идоракунии шаҳрӣ ва рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва барномаҳои ҳамгироии фарҳангиву гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор гирифт.

Баъдан дар толори меҳмонони расмии  Ҳокимияти шаҳри Тошканд вохӯрии ҳайатҳо таҳти сарварии Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд  Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев доир гардид. Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  равобити чандинасраи дӯстона ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳанг, урфу одат,  анъанаҳои муштарак ва  дини ягонаро, ки аҳолии ду мамлакатро  ба ҳам мепайванданд, таъкид намуда, барои  рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷонибаи Душанбе ва Тошканд  изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Рустами Эмомалӣ барои пазироии самимӣ ва фазои  дӯстона изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон  ба тағйирот ва навсозиҳо дар Тошканд таваҷҷуҳи зиёд дорад ва тасмим гирифтааст бо фаъолияти соҳаи сохтмони ин шаҳр шинос шавад.

Роҳбарони ҳарду пойтахт бо қаноатмандӣ зикр карданд‚ ки баргузории Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва дар ин замина гузаронидани Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони  Душанбе ва Тошканд, инчунин  Форуми соҳибкорони ҷавон ба иди ҳақиқии дӯстиву бародарӣ табдил хоҳад ёфт.

Дар ҷамъбасти мулоқот Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои  тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ барои солҳои 2020-2021 имзо гузоштанд.

Нақшаи мазкур самтҳои асосии ҳамкории тарафайнро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, аз ҷумла маориф, савдо, нақлиёт, табодули барномаҳои фарҳангӣ, технологияҳои муосир, ҷавонон, варзиш ва ғайраро барои давраи минбаъда муайян мекунад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои шаҳри Тошканд тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мароқ зоҳир намуда,  бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бунёди стансияи метрои рӯизаминии «Оҳангарон», дар кӯчаи Фарғона Йулии ноҳияи Яшнободи шаҳр  шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки метрополитени Тошканд соли 1977 бунёд гардида, аз 3 хатсайри нақлиётӣ ва 35 стансия бо дарозии 44 километр иборат мебошад. Ҳоло дар шаҳр бунёди метрои рӯизаминӣ идома дорад, ки дарозии  он тақрибан 50 километрро ташкил медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки тамоми таҷҳизоти метрополитени Тошканд дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд.

Рустами Эмомалӣ омӯхтани таҷрибаи шаҳри Тошкандро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.

Яке аз дастовардҳои шаҳри Тошканд тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди маркази мукаммали касбомӯзӣ таҳти унвони «Ба кор даъват менамоем» дар ноҳияи Яшнобод  маҳсуб мешавад, ки моҳи октябри соли равон мавриди истифода қарор дода шудааст. Зимни боздид аз ин боргоҳи таълимӣ Раиси шаҳри Душанбе оид ба табодули таҷриба дар соҳаи тайёр кардани мутахассисон ибрози назар намуд.

Мавриди зикр аст, ки  таҳсил дар марказ ройгон буда, он 3 моҳ идома меёбад ва 30 фоизи дарсҳо ба таври назариявӣ ва 70 фоиз дар амалия иҷро мешаванд. Дар таълимгоҳ омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, барои муҳоҷирони ба Федератсияи Россия сафаркунанда равзанаи ягонаи барасмиятдарории санадҳо ташкил карда шудааст.

Дар марказ баробари касбҳои маъмулӣ, ҳамчунин барои маъюбон, беморон ва шахсони яккаву танҳо парасторон низ тарбия карда мешаванд.

Дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Вазорати адлияи ин кишвар дар ноҳияи Чилонзор Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ё худ Равзанаи ягонаи ба расмиятдароии ҳуҷҷатҳо созмон дода шудааст, ки Рустами Эмомалӣ зимни сафар бо ҷараёни кори он  шинос  гардид.

Бояд махсус ёдовар шуд, ки дар он барои эҳтиёҷмандон тамоми намудҳои хизматрасонӣ анҷом дода мешаванд.

Маркази ягонаи ахбору маълумотдиҳии агентӣ калонтарин манбаи иттилоот буда, дар кӯтоҳтарин фурсат мушкилоти корафтодагони тамоми соҳаро осон мегардонад.

Ҳамарӯза ба агентии мазкур то 1000 нафар эҳтиёҷмандон муроҷиат  мекунанд.

Зимни боздид аз пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти қасри яхмолакбозии «Ҳумо Арена» мароқ зоҳир намуданд.

Сохтмони ин маркази варзишӣ соли 2017 оғоз гардида‚ он дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2019 мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар он мусобиқаҳои гуногуни варзишии рӯи ях‚ аз ҷумла хоккей‚ рақси рӯйи ях ва ғайра гузаронида мешаванд. Маркази яхмолакбозӣ дорои 12500 ҷойи нишаст буда‚ бо 8 адад дастгоҳ ва муҳаррики сардкунанда муҷаҳҳаз шудааст. Ягона  дастаи хоккейбозони Ӯзбекистон «Бинокор» дар яке аз лигаҳои чемпионати Федератсияи Россия қувваозмоӣ мекунад.

Дар ҷараёни шиносоӣ Рустами Эмомалӣ ба китоби меҳмонони ифтихорӣ соядаст гузошт.

Соли  равон  дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд Боғи этнографии «Наврӯз» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни боздид аз ин маркази намоишӣ-фароғатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба намунаҳои осори миллӣ ва сохти шаҳрсозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

Боғи миллӣ ба масоҳати 4 километр тӯл кашида‚ таҷассуми симои миллии 12 вилояти кишвар мебошад. Мутахассисони соҳаи шаҳрсозии ҷумҳурӣ хусусиятҳои хоси миллии ҳамаи вилоятҳои мамлакатро дар шакли намуна — макетҳо таҳия ва ба маъраз гузоштаанд.

Дар намоишгоҳҳои ҳудуди боғ намунаҳои осори ҳунари ҳар як вилоят бо унсурҳои хоси маҳал‚ шурӯъ аз шаклу масолеҳи бунёди иморату хонаҳо то ороиш ва амволи рӯзгордории онҳо инъикоси худро пайдо намудаанд. Дар боғ аз конструксияҳои металлӣ рамзи оғозу анҷоми рӯзи нав таҷассум гардидааст ва аз ин лиҳоз ба он «Наврӯз»  ном ниҳодаанд.

Худи ҳамон рӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз силсилакорхонаҳои истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи «Артел» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуд.

Ба Рустами Эмомалӣ  иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Артел» соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзгор истеҳсол менамояд. Шумораи кормандони  корхонаро  то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникӣ  ташкил медиҳанд.

Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии он зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмӯъ 500 номгӯй маҳсулот бароварда мешавад. Маҳсулоти исеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ҷумҳуриҳои  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад. Дар ҷараёни боздид мавзӯи бунёди филиали ширкати «Артел» дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни сафар Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон бо фаъолияти Шуъбаи шаҳрии милитсияи рақами 102-и ноҳияи Юнусобод шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Тошканд ба таври намунавӣ шуъбаҳои милитсияи шаҳрӣ ифтитоҳ гардидаанд, ки ҳар кадоми он ба 40-50 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Шуъба бо шароити муосири корӣ таъмин буда,   сокинон барои тамоми ниёзмандиҳо, аз ҷумла хадамоти фаврӣ -милитсия, ёрии таъҷилӣ, барқ, об, сӯхтор, ҳолатҳои фавқулода ва ғайра ба он муроҷиат мекунанд. Ҳоло дар 11 ноҳияҳои шаҳр 76 адад чунин шуъбаҳо амал мекунанд. Дар шуъбаҳо баробари кормандони   ҳифзи ҳуқуқ, равоншиносон низ амал мекунанд ва дар онҳо  бахши шиносномадиҳӣ низ ташкил шудаанд. Дар ин маврид шуъбаҳои ноҳиявии корҳои дохилӣ ба сифати сохтори ҳамоҳангсоз фаъолият мекунанд.

Рустами Эмомалӣ бо тарзи бунёд ва баҳрабардории   конгресс-холли шаҳри Тошканд — «Tashkent City», ки дар масоҳати 43 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст, шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки дар он барои баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ва музокироти сатҳи баланд тамоми имконоту шароит фароҳам оварда шудаанд. Дар ошёнаи аввали он толори бузург бо ғунҷоиши 3,5 ҳазор нафар ҷойгир аст, ки имкони дар як вақт гузаронидани 4 чорабиниро доро мебошад. Конгресс-хол дорои меҳмонхонаи  муосир  буда,  дар ошёнаи 21-уми он тарабхонаи  замонавӣ   фаъолият  дорад. Зимни боздид Рустами Эмомалӣ бо имконият ва шароити  фароҳамоварда дар «Tashkent City», планетарий ва Осорхонаи мадам Тюссо мароқ зоҳир намуд.

Рӯзи дуюми сафари Раиси шаҳри Душанбе  дар шаҳри Тошканд аз шиносоӣ бо фаъолияти маҷмааи гармхонаи гулу ниҳолҳои назди Ҳокимияти шаҳр — ҶДММ «Гулу дарахтони ороишӣ» дар ноҳияи Учтеппа оғоз гардид. Тавре тазаккур дода шуд, корхонаи гулпарварӣ пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, ба таври электронӣ ба воситаи компютер идора карда мешавад. Зикр гардид, ки соли 2018  пас аз омӯзиши таҷрибаи Туркия, Голландия ва Италия маҷмааи мазкур бо ҷалби 4 миллион доллари америкоӣ навсозӣ карда шуд. Имсол 17 миллион ниҳол парвариш карда шуда, соли оянда ин теъдод ба 25 миллион расонида мешавад. Гулҳои ин маҷмаа ба давлатҳои Осиёи Марказӣ содир карда мешаванд. Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ  ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни сафар Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти яке аз варзишгоҳҳои марказӣ ва нисбатан навбунёди  шаҳри Тошканд — варзишгоҳи  «Миллӣ» шинос шуд.

Дар даромадгоҳи варзишгоҳ Раиси шаҳри Душанберо ноиби Президенти Федератсияи футболи Ӯзбекистон, довари дараҷаи байналмилалӣ Равшан Ёрматов ва дигар чеҳраҳои намоёни футболи ӯзбек истиқбол гирифтанд. Раиси шаҳри Душанбе,  Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нахуст  бо нигораҳо ва аксҳои осорхонаи «Таърихи футболи Ӯзбекистон» шинос шуд.

Ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд‚ ки  варзишгоҳи мазкур    соли 2012 бунёд шуда, дорои 34 ҳазор ҷойи нишаст мебошад ва бо тамоми таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар он бозиҳои байналмилалӣ‚ минтақавӣ ва дохилӣ‚ инчунин чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Дар назди варзишгоҳ Академияи футбол амал мекунад‚ ки дар он беш аз 940 нафар алоқамандони бозии футбол дар 7 майдон ба тамрин фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчун рамзи эҳтиром ва анъанаҳои неки футбол ба Раиси  шаҳри Душанбе пироҳани рақами 7 ва кортҳои зарду сурх   тақдим гардид.

Рӯзи дуюми сафари Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар  шаҳри Самарқанди бостонӣ  идома ёфт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва дигар намояндагони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар оғоз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати ӯзбек аз Маҷмааи ёдгории таърихии «Ҳазрати хизр» боздид намуд.

Раиси шаҳри Душанбе ба оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов омада, ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи он гулдаста гузошт.

Маҷмааи Имом-ал-Бухорӣ яке аз намунаҳои олии санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, маркази бузурги исломшиносии ҷаҳон  маҳсуб мешавад. Зимни сафар ба Самарқанд Раиси шаҳри Душанбе бо намунаҳои осори таърихӣ ва меъмории маркази мазкур дар самти шаклу услуби бунёд, тарҳ ва унсурҳои меъмориву шаҳрсозии он таваҷҷуҳи махсус  зоҳир намуд.

Муҷтамеи мазкур соли 1998 бунёд гардида, аз  осорхона, китобхона ва масчиди ҷомеъ иборат аст. Ин маҷмааи таърихӣ дорои маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ низ мебошад, ки соли 2016 бунёд шуда, бо 14 маркази байналмилалӣ ва донишгоҳҳои ҷаҳонӣ  ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни сафар ба Самарқанд Раиси шаҳри Душанбе  яке аз намунаҳои беҳтарини осори меъмории шаҳр  — «Гури Амир»-ро тамошо кард. Мақбараи мазкур аз ёдгориҳои асримиёнагии Шарқ буда, дар асрҳои 15-16 бунёд гардидааст.

Ёдгорӣ дар қисмати ҷанубу шарқии Самарқанди асримиёнагӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, таваҷҷуҳи ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Намунаи дигари осори меъмории шаҳр, ки Раиси шаҳри Душанбе аз он дидан кард, майдони Регистон маҳсуб меёбад. Он дар маркази Самарқанд, дар масоҳати 6 гектар ҷойгир шуда, бо санъати олии меъморӣ  шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Дар се самти майдон, се мадраса қомат афрохтааст, ки аз лиҳози ороиши меъморӣ  беназир мебошанд. Дар байни майдон амфитеатри қадимӣ ҷойгир шудааст, ки дар он чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Мавриди  зикр аст, ки соли 2001 бо назардошти аҳамияти  таърихии Регистон шаҳри Самарқанд  ба рӯйхати Осори умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Дар Самарқанд корхонаҳои азими саноатӣ бунёд гардидаанд, ки дар рушди иқтисодиёти шаҳр саҳми арзанда мегузоранд. Яке аз онҳо Корхонаи автомобилбарории Самарқанд мебошад, ки соли 1997 ифтитоҳ гардида, ба истеҳсоли автобус ва автомобилҳои боркашу махсус машғул мебошад. Дар ҷараёни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз соли 2006 шарики техникии корхона яке аз ширкатҳои маъруфи автомобилсозии ҷаҳон  ISUZU Motors Ltd. интихоб шудааст. Дар корхона 1400 нафар мутахассисону кормандон фаъолият намуда, дар он истеҳсоли 4 намуди автобус ва 5 навъи мошинҳои боркаш ба роҳ монда шудааст. Корхона ҳамчунин шурӯъ аз соли 2009 бо ширкати автомобилбарории «Манн»-и Ҷумҳурии Федеративии Германия дар самти истеҳсоли автобус ва автомобилҳои боркаш ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло дар ҳамаи коргоҳҳои корхона соле то 9000 адад автобусу автомобилҳои гуногун  тавлид мешаванд. Зимни суҳбату мулоқотҳо ҷонибҳо бобати ба роҳ мондани ҳамкории  судманд дар ин самт низ  ибрози андеша намуданд.

Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамкории минбаъда заминаи мустаҳкам гузошта, ба ҷашни ҳақиқии дӯстии  мардумони ду давлати  бародар табдил ёфт, ба анҷом расид.

Нимаи дуюми рӯзи 4  декабр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Ватан баргаштанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад