Шаҳодатномаҳо ба касбомӯзони курси омӯзишии «Бонуи ҳунар»
ДУШАНБЕ, 5.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба ҷавондухтарону занони касбомӯзи курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» Шаҳодатнома тақдим карда шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки курси мазкур тӯли як моҳ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» давом карда, ба касбомӯзон аз ҷониби устодони ботаҷриба ҳунарҳои дӯзандагӣ ва попурдӯзӣ омӯзонида шуданд.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода занону ҷавондухтарони касбомӯзро табрик намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии курси омӯзишӣ — эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.
Мавсуф дар ин маврид чунин гуфт: «Мо хуб медонем, ки нигаҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои мардумӣ маҳз модарон, занон ва бонувони соҳибмаърифатамон мебошанд. Итминони комил дорам, ки онҳо минбаъд низ дар амалӣ намудани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат барои ободонии Ватан ва пешрафти он саҳм мегузоранд».
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бори сеюм аст, ки курси омӯзишии «Бонуи ҳунар»-ро бо ҷалби ҷавондухтарону занон аз оилаҳои осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе мегузаронад. Ин маротиба дар он 130 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар охири ҳамоиш занону ҷавондухтарони касбомӯз маҳсули дасти худро пешкаши ҳозирин намуданд.








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






