Ҳисор: тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба 50 нафар ниёзманд
ДУШАНБЕ. 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ба 50 нафар маъюби ниёзманд аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аробачаҳои маъюбӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр харидорӣ гардидаанд. Амали мазкур бо мақсади ташаккули эҳсоси дӯстдориву эҳтиром нисбат ба шахсони маъюб ва ба ғамхорию дастгириҳои пайваста фаро гирифтани ин табақаи ниёзманди аҳолӣ анҷом пазируфтааст.
Ниёзмандони шаҳри Ҳисор барои ин иқдоми хайрхоҳона ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ғамхорию дастгирии маъюбонро як самти муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат карор додаанд, изҳори сипосу эҳтиром намуда, оромии ҷомеа ва шукуфоии Тоҷикистонро таманно доранд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






