Тақдими китобҳои бачагона ба Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб
ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Фарҳанг на танҳо ғизои маънавӣ мебахшад, балки бемориҳоро низ табобат мекунад» — таҳти ин унвон 4 декабр дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб 1500 адад китобҳои гуногуни бачагона тақдим гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни супоридани китобҳо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода ширкат доштанд.
Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» имрӯзҳо мамлакатамонро пуршукӯҳтар гардонида, ба муҳити адабӣ табдил додааст. Ин ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад, зеро рӯз то рӯз таваҷҷуҳ ба китоб ва адабиёт бештар мешавад. Мо китобҳои мазкурро ба китобхонаи махсуси муассиса месупорем, то шумо тарбиятгирандагони азиз, аз шеъру ҳикояҳои шавқовар ва тасвирҳои зебои он баҳра баред».
Китобҳои тақдимгардида аз «Афсонаҳои халқии тоҷик», «Мактаби кӯҳна», «Аҳмади девбанд», афсонаҳои халқҳои гуногун, осори адибони бачагона, осори адибони классикӣ ва дигар адабиёти ба синни кӯдакон муносиб иборат буданд.
Сипас тарбиятгирандагони муассиса барномаи ҳунарии худро манзури ҳамагон гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб 30 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва баъзан тибқи эҳтиёҷи вазъи саломатӣ то 10-сола, ки аз тамоми ҷумҳурӣ мебошанд, дар машғулиятҳои тавонбахшӣ иштирок менамоянд. Баъди гирифтани маълумотномаи муассиса онҳо таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз менамоянд.








Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






