ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ШАБИ СОЛИ НАВ БАРОИ $1 МЛН ДОЛЛАР МУБОРИЗА МЕБАРАД. Лоиқ Раҷабов дар Лас-Вегас ба финал баромад!

Декабрь 31, 2019 14:25

ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик lfh  ММА Лоиқ Раҷабов дар Гран-при Professional fight league (PFL) – 2019 дар Лас-Вегас (ИМА) дар вазни сабук бар Крис Вейди амрикоӣ ғолиб омада, ба финал баромад. Акнгун ӯ дар қуввасанҷии ҳалкунанда барои $1 миллион доллар мубориза мебарад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи расмии лигаи касбии муҳорибаҳои омехтаи ИМА (PFL) дар Instagram хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мусобиқа Раҷабови 29-сола (14 ғалаба, 1 мағлубият, 1 мусовӣ) бори аввал Ислом Мамедовро аз Россия (8-0-1) аз дастаи Ҳабиб Нурмагомедов мағлуб кард. Мубориза бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт, аммо варзишгари тоҷик бо назардошти задани зарбаҳои зиёд ба даври  ниҳоӣ баромад. Зикр мешавад, ки Мамедов яке аз рақибони асосии ғалаба дар ин мусобиқа дониста мешуд.

Барои Лоиқа Раҷабов, маъруф бо лақаби Jaguar Paw (Чанголи Ягуар) карйераи худро соли 2012 оғоз намуда, дар ин намуди варзиш яке аз маъруфтаринҳо дониста мешавад.

Ҳамин тавр, пахши мустақими бозии ниҳоӣ байни Раҷабов ва Шулте 1 январ дар канали «MAЧ!ТВ», соати 05:00 бо вақти Душанбе, пахш мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯбаи корти асосии мусобиқа якбора шаш қуввасанҷӣ баргузор мешаванд, ки ғолибони онҳо на танҳо эътирофи байналмилалӣ, балки расидҳои молиявиро ба маблағи 1 миллион доллар  соҳиб мешаванд.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Лоиқ Раҷабов аз Тоҷикистон аст. Дар Данғара таваллуд шуда, пас аз 7-солагӣ оилаи онҳо ба Душанбе омадааст. Вай аз кӯдакӣ ба варзиш машғул буда, баъдтар ба самбои муҳорибавӣ  ва MMA мегузарад. 5 сол пеш вай ба Россия рафт, дар клубҳои Москва бо  ин навъи варзиш  машғул шуда, дар вақти холигиаш дар ҳар ҷо кор мекард. 4 сол пеш шиносҳояш ӯро ба Олмон даъват карданд. Лоиқ дар он ҷо тамринҳои худро дар клубҳо идома дода, дар мусобиқаҳои маҳаллӣ  ҳанарнамоӣ мекард ва дар якчанд мусобиқаҳои MMA Championship German (GMC) ғолиб омадааст. Баъдтар ӯ бо оилааш ба Олмон кӯчид. Сипас бо PFL шартнома имзо кард.

Декабрь 31, 2019 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд