Ҳифзи муҳити зист қарзи шаҳрвандист. Ҷаримаи 222 нафар сокинони шаҳри Турсунзода
ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва тозагии маҳалу оби нӯшокӣ мутахассисони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то имрӯз нисбат ба 222 нафар шаҳрвандон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 31 075 сомонӣ ҷарима намуданд.
Тибқи иттилои сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов, аз 222 нафар ҳуқуқвайронкунандагони тартибот танҳо 127 нафари онҳо барои ифлоскунии муҳити зист ва партофтани партовҳои гуногун дар ҷойҳои ҷамъиятию соҳили дарёҳо ҷарима шудаанд.
Мувофиқи иттилои мутахассисони шуъба, ҳолати санитарию беҳдоштии оби ошомиданӣ дар шаҳри Турсунзода таҳти назорати ҳамешагии шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр қарор дорад.
Инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳти ислоҳи вазъи обрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар шаҳри Турсунзода татбиқи Барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020 дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ миёни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Маблағи созишнома 6,8 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 4,5 млн доллар ҳамчун грант ва 2,3 млн доллар қарз мебошад. Дар асоси ин барнома корҳои сохтмонии иваз кардани қубурҳои обгузар, бунёди обанбор, кам кардани талафоти оби ошомиданӣ ва насби обченкунакҳо ба андозаи 96 фоиз ба анҷом расонида шудааст.









Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






