Ҳаким Фузайлов сармураббии нави дастаи «Кӯктош» таъйин гардид

Январь 6, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаким Фузайлов  сармураббии нави дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин кор ба Ҳаким Фузайлов бародари хурдиаш Раҳматулло Фузайлов ёрӣ мерасонад.

Мавсими гузашта Ҳаким Фузайлов роҳбарии «Истиқлол» -и Душанберо бар дӯш дошт, аммо баъди  ба даври навбатии Ҷоми AFC 2019 нагузаштани даста истеъфо дод. Ҳ.Фузайлов  инчунин солҳои 2016-2018 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футболро сарварӣ мекард.

Ҳаким Фузайлов касби мураббигиро охири солҳои 90-ум оғоз карда, клубҳои «Бухоро» ва «Динамо» — и Самарқандро сарварӣ кардааст. Соли 2003 ӯ сармураббии «Андиҷон» — и Ӯзбекистон таъйин шуда, пас аз як сол сармураббии «Титан» — и Москва гардид. Аз соли 2005 дар дастаҳои мухталифи Россия — «Локомотив», «Ростов» ва «Терик» кор ва фаъолият намудааст.

Ҳаким Фузайлов дорои литсензияи мураббии дараҷаи «Pro» мебошад.

Акс аз ФФТ

Январь 6, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд