Ба мутахассисони соҳаи варзиш роҳҳои мубориза бо допингро омӯзониданд

Январь 11, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8-10 январ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо мутахассисони соҳаи варзиш семинари омӯзишӣ доир гашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Семинар дар доираи Барномаи тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони покизаи Ҳамбастагии олимпӣ сурат гирифта, иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба мубориза бо допингро омӯхтанд.

Ба иттилои роҳбари барнома, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов, барнома соли 2019 дар шаҳри Душанбе татбиқ шуда буд, ки беш аз 1500 нафарро фаро гирифт.

«Имсол мақсад гузоштем, ки ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳуриро дар доираи барнома дар се давра ҷалб намоем. Дар даври аввал 8 нафар мутахассисони соҳа аз Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш се рӯз мавзӯъҳои гуногуни мубориза бо допингро баррасӣ карданд ва донишҳои худро пурра намуданд. Акнун онҳо дар даври дуюм дар шаҳри Душанбе барои 89 нафар мутахассисону мураббиёни муассисаҳои таълимии варзишии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ тренингҳои омӯзишӣ доир менамоянд. Сипас, дар даври сеюм аз ҷониби мураббиёне, ки омӯзиш мебинанд, беш аз 5000 варзишгари наврасу ҷавони мактабҳои варзишии 56 шаҳру ноҳияи кишвар бо масъалаҳои допинг ва оқибати нангини истифодаи он шинос карда хоҳанд шуд», — афзуд Э. Латипов.

Ҳамчунин, дар доираи барнома дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба допинг нашр ва дастраси мактабҳои варзишӣ мегардад.

Мақсад аз ташкил ва баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ пешгирӣ намудани истифодаи доруҳо ва усулҳои мамнуъ аз ҷониби варзишгарон ва мураббиён, ҳамин тавр ҳифзи шаъну шарафи варзиши кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Акс аз КМО Тоҷикистон

Январь 11, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд