Дабири кулли СММ: шиддати геополитикӣ дар асри кунунӣ ба сатҳи баландтарин расид

Январь 7, 2020 09:14

ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири  кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш изҳор дошт, ки шиддати геополитикӣ дар олам ба сатҳи баландтарини худ расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Соли нав бо ташвишу изтироб оғоз мегардад, баён дошт ӯ рӯзи душанбе дар изҳороташ ба рӯзноманигорон баъд аз кушта шудани генерал Қосим Сулаймонӣ ва аз ҷониби Эрон қатъ гардидани уҳдадориҳои созишномаи ҳастаӣ. Ташаннуҷи геополитикӣ  дар асри мо ба авҷи аъло расидааст».

Дар изҳороти худ  Дабири кулл на Эрон ва на Амрикоро бевосита номбар накард. Ҳамзамон Гутерриш зикр намуд, ки «носуботии ҷаҳонӣ меафзояд ва ҳатто халъи силоҳи ядроӣ ҳамчун як чизи муқаррарӣ маънидод мегардад».

Дабири кулл гуфт, ки ӯ «марҳилаи кунунии доман паҳн кардани шиддат»-ро назорат мекунад ва ҳамеша дар робитаи қавӣ бо роҳбарони ҷаҳонӣ қарор дорад. Вале, бо вуҷуди ин, ӯ ба саволҳои иловагии  ВАО ҷавоб надод.

Гутерриш рӯзи душанбе  аз роҳбарони ҷаҳон даъват ба амал овард, ки гуфтушунидро дубора барқарор созанд  ва ба оғоз гаштани ҷанг роҳ надиҳанд. «Ман бо ҳиси нигаронӣ авҷгирии шиддатнокиро мушоҳида мекунам», — гуфт ӯ.

«Ман бо роҳбарони ҷаҳонӣ дар  робитаи доимӣ ҳастам, — хабар дод Гутерриш. Паёми ман одӣ ва возеҳ аст: шиддатнокиро бояд боздошт. То ҳадди имкон бояд худдорӣ намуд. Гуфтушунидро идома диҳед. Ҳамкории байналмилалиро барқарор намоед. «Биёед  фаромӯш насозем, ки ҷанг ба одамон чӣ гуна паёмадҳои даҳшатнок  меорад, — гуфт ӯ.  Пешгирии он вазифаи  ҳамаи мост».

Январь 7, 2020 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд