Дар Қазоқистон хориҷиён то 30 рӯз бе бақайдгирии ҳатмӣ метавонанд будубош кунанд

Январь 3, 2020 15:11

ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қазоқистон бақайдгирии ҳатмӣ барои ҳамаи категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави ин кишвар аз 30 рӯз камтар мемонанд, бекор карда шуд.

 Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ», ки бо  такя ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Қазоқистон  иттилоъ додааст, хабар медиҳад.

Дар ин маврид  Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев қонуни дахлдорро имзо кард, ки  он  пас аз 10 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Акнун ҷониби қабулкунанда (меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои иҷора, муассисаҳои тиббӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ) бояд ба Хадамоти муҳоҷират дар бораи омадани меҳмони хориҷӣ дар тӯли се рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани ӯ  ба кишвар хабар диҳад.

Тартиби огоҳонидани будубоши як шаҳрванди хориҷӣ дар Қазоқистон то ҳадди имкон сода гардонида шудааст. Дар портали раводиди муҳоҷиратии www.vmp.gov.kz  маълумотро дар бораи хориҷиён  ва  ҳангоми зарурат дар бораи фарзандони ӯ  ворид намудан зарур меояд. Дар  варақаи пуркардашуда ба воситаи имзои электронии рақамӣ (ЭЦП)  имзо гузоштан лозим аст. Пас аз 15 дақиқа  санади тайёршуда  ба даст меояд, ки дар ҳисоби шахсии шаҳрванд сабт хоҳад шуд.

Дар ҳолати зиёда аз 30 рӯз  будубош кардани шаҳрванди хориҷӣ дар Қазоқистон, тарафи қабулкунанда вазифадор аст ба меҳмон иҷозати муваққатии истиқомат диҳад.

Январь 3, 2020 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд