Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2020. /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саломатӣ» Спартакиадаи варзишӣ оғоз гардид.
Мусобиқаи варзишӣ ҳамчунин ба 85-солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур Шариф Ҳофизов бахшида шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни устодону профессорони донишгоҳ мебошад.
Тавре аз Раёсати донишгоҳ ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Спартакиадаи мазкур бори 29-ум аст, ки доир гардида, то 25 январ ҷараён мегирад.
Дар мусобиқа 18 даста аз ҳисоби кормандони раёсати донишгоҳ ва устодони факултетҳо аз рӯи 6 намуди варзиш, аз ҷумла, шоҳмот, шашка, дартс, волейбол, тенниси рӯимизӣ байни ҳам қувва меозмоянд. Дар интиҳои мусобиқа аз ҳисоби беҳтарин бозингарон дастаи донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар Спартакиадаву мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ интихоб карда мешавад.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






