Дар Душанбе шаҳраки нав — №163 бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди кӯчаҳои Шевченко, Бухоро ва Ҷалол Икромӣ шаҳраки 163 –юми шаҳри Душанбе бунёд мегардад. Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тибқи Нақшаи генералии пойтахт Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳраки 163-ро дар пойтахт таҳия намуд. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони биноҳои маъмурию истиқоматӣ дар шаҳраки мазкур тибқи талаботи муосири шаҳрсозӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо унсурҳои меъмории миллӣ истифода мегарданд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Масоҳати ҳудудҳои қитъаи тарҳрезишудаи шаҳраки мазкур 40,00 гектарро дар бар гирифта, дар 5,80 гектари он биноҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд. Шумораи биноҳои истиқоматии дар ин макон бунёдшаванда 75 ададро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов, дар шаҳраки нав дар масоҳати 0,90 гектар сохтмони биноҳои маъмурӣ, ки 7 ададро ташкил медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар масоҳати 0,70 га сохтмони биноҳои иҷтимоӣ, ки шумораи онҳо 4 адад муқаррар гардидааст, дар назар аст.
«Дар шаҳраки нави замонавӣ дар масоҳати 8,00 гектар роҳҳои мошингард, 6,90 гектар пиёдароҳҳо бунёд мешаванд. Ҳудуди 14,00 гектари шаҳраки нав сабзазор мегардад. Бо инобати васеъшавӣ навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №52, боғчаи кӯдаконаи №73 «Садбарг» ва ду адад боғчаҳои кӯдаконаи лоиҳавӣ барои 150- нафарӣ, муассисаҳои томактабӣ барои 75 кӯдак (дар ошёнаҳои аввали биноҳои истиқоматӣ) ва марказҳои хизматрасонии тиббии оилавӣ, нозироти минтақавӣ (дар ошёнаҳои аввали биноҳои лоиҳавӣ) ба нақша гирифта шудаанд.
Дар шаҳраки замонавӣ биноҳои истиқоматии серқабата ва миёнаошёна, марказҳои хизматрасонӣ, кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳи 1 ва 2-ошёнагӣ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинони он бунёд карда мешаванд.









Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд






