Дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон Ҳизби либералӣ-демократӣ пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон дар интихоботи дар ҷумҳурӣ баргузоршуда ба палатаи қонунбарори Олий Маҷлис (парлумони) Ӯзбекистон пирӯз гардид. Дар ин бора рӯзи душанбе раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Мирзо-Улуғбек Абдусаломов хабар дод, иттилоъ додааст имрӯз ТАСС.
«Фраксияи калонтаринро дар парлумон Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон ташкил медиҳад, ки дар палатаи қонунбарории дорои 150 ҷой 53 мандатро соҳиб шуд. Аз паи он ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш» (Эҳёи миллӣ), Ҳизби сотсиал — демократии «Адолат» , Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон ҷойгиранд, ки мувофиқан 36 , 24, 22 ва 15 курсии вакилиро соҳиб шудаанд»,- гуфт роҳбари КМИ.
Интихобот ба палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон бо низоми мажоритарӣ (овози бештар) баргузор гардид. Ҳар кадом аз 5 ҳизби бақайдгирифташуда 1-нафарӣ номзадро дар ҳавзаи интихоботӣ пешбарӣ намуданд, аммо баъдтар 6 нафар номзадии худро гирифтанд. Барои пирӯзӣ номзад мебоист 50 фоиз ва иловатан дар ҳавзаи худ боз 1 овози дигар мегирифт. Тибқи моддаи 59-уми Кодекси интихоботии мамлакат 5 январ дар 22 ҳавзаи интихоботӣ, ки дар ҳеҷ кадоми онҳо аз муҳлатҳои пешбаришуда ба гирифтани миқдори бештари овоз муваффақ нашуданд ва дар 3 ҳавза, ки дар он ҷо ҳангоми ҷамъбасти овозгирӣ хатои арифметикӣ рух додааст, овоздиҳии такрорӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маводи хадамоти матбуоти КМИ таъкид гардидааст, ки теъдоди занони ба вакилӣ интихобшуда ду баробар афзудааст. Агар соли 2014 24 зан ва 126 мард интихоб шуда бошанд, пас соли 2019 ба палатаи қонунгузорӣ 48 зану 102 мард интихоб шудаанд.
Синни миёнаи вакилони навинтихобшуда ба палатаи қонунгузорӣ 46, 4 солро ташкил медиҳад.
Дар байни вакилони интихобшуда синни 6 фоиз камтар аз 30 сол аст, 64, 7 фоиз дар синни аз 30 то 50 ва 29, 3 фоиз дар синни калонтар- аз 50 сол мебошанд.
Калонсолтарин депутати навинтихобшуда Сафар Остонов аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон аст, ки 71-сола мебошад, ҷавонтарин- Шерзод Раҳмонов низ аз ҳизби мазкур буда, 26 сол дорад.
Хотирнишон месозем, ки 22 декабр шаҳрвандон аз миёни 150 нафар 128 вакилро интихоб намуданд. Даври дуюм дар 25 ҳавза 5 январ баргузор гардид.