Дар ноҳияи Рашт харитаи сайёҳӣ омода карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари гардишгарон дар ноҳияи Рашт харитаи сайёҳӣ омода карда шуда, дар яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ- даромадгоҳи ноҳия насб карда шуд.
Соли гузашта аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Рашт 2273 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ боздид намудаанд. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, пеш аз ҳама, зарур омад, ки мавзеъҳои сайёҳии ноҳия муаррифӣ шаванд.
Ҳамзамон 6 хатсайри сайёҳӣ, аз қабили «Душанбе-Рашт-дараҳои Ҷафр-Камароб», «Душанбе-Рашт-дараҳои Ҷафр-Ҳоит», «Рашт-дараҳои Камароб-Тагоба», «Рашт-дараи Ҷафр», «Рашт–Ҳоит» ва «Рашт–Шамар» ташкил карда шуданд. Инчунин барои амалӣ намудани хатсайрҳои таҳиягардида аз ҷониби бахши рушди сайёҳии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Ҷавоҳир – сайр» 26 нафар роҳбалад омода гардиданд.
Дар ноҳия бо мақсади рушди минбаъдаи ин соҳа ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020» қабул гардида, таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст
Имрӯзҳо дар ноҳияи Рашт 3 меҳмонхона, 2 ҳомстей, 1 гестҳавз (меҳмонхонаи хурд), 20 ошхонаю тарабхона, 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 7 нуқтаи хӯроки тезтайёр, 1 маркази итилоотӣ, 1 маркази ҳунармандию фурӯши армуғонҳои миллӣ ва 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар рушди сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






