Дар Туркия шумораи қурбониёни заминларза ба 19 нафар ва осебдидагон ба беш аз 770 кас расид
ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар музофотҳои Малатия ва Элазиги Туркия бар асари заминларза на кам аз 19 нафар ба ҳалокат расида, 772 кас маҷрӯҳ гардиданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора агентии «Анадолу»-и Туркия бо истинод ба вазири тандурустии ин кишвар иттилоъ додааст.
Чанде пеш дар бораи 18 қурбонӣ ва 553 нафар осебдида иттилоъ расида буд.
Рӯзи ҷумъа, соати 02.55 ба вақти Душанбе дар маркази шаҳри Сивриҷи музофоти Элазиг заминларзаи шиддатнокиаш 6,8 рух дод.
Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон эълом дошт, ки вазъро пайгирӣ дорад. Ӯ итминон дод, ки муассисаҳо барои рафъи оқибатҳои заминларза тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.
Дар маҳалли офати табиӣ 493 гурӯҳи наҷотдиҳандагон аз 28 музофот фаъолият доранд. 1,689 хайма, 1,656 кат ва 9,200 кӯрпа ба минтақаи зилзила интиқол дода шуданд. Ширкатҳои мобилӣ дар Элазиг ва Малатия хидматрасонии ройгон эълон карданд.








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






