Дар вилояти Суғд Мусобиқаи кушод оид ба волейбол ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 20 январ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол оғоз гардид. Дар мусобиқа 18 даста аз шаҳру ноҳия, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҷумҳурӣ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур тибқи қоидаи бозиҳои олимпӣ роҳандозӣ шудааст. Аз рӯи нақша дар даври аввал дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дастаи Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд ва дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №3-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи ноҳияи Ашт-2 байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дастаи Ашт-2 ғолиб гардиданд.
Инчунин тибқи қуръапартоӣ 18 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуда, 9 даста: ДДҲБСТ, Ашт-1, Факултети 4-уми Академияи ВКД, Ашт-2, Ҷ.Расулов, Исфара, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Б.Ғафуров ва Истаравшан ба давраи дуюм роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ шуда, он то 22 январ идома меёбад.










Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






