Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд иштирок намуда, дар Даммом бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Кувайт бозиҳои рафиқона доир менамояд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси даниягӣ Деян Дедович дар Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки 2-8 феврали соли равон дар шаҳри Ҳат Йайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Дар баробари дастаи Тоҷикистон боз 5 дастаи мунтахаби дигар иштирокчии мусобиқа буда, дар ду гурӯҳи седастаӣ бозӣ мекунанд.
Баъд аз анҷоми мусобиқа дастаи футзали Тоҷикистон ба шаҳри Даммоми Саудӣ сафар намуда, бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12 феврал) ва Кувайт (13 феврал) ду бозии санҷишӣ доир менамояд.
16-умин Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 26 феврал то 8 марти соли 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон сурат мегирад. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон қувваозмоӣ мекунад. Тибқи натиҷаи мусобиқа, панҷ дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва доир мегардад, роҳхат мегиранд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






