ИНТИХОБОТ-2020. Мулоҳизаҳои коршиноси АМИТ «Ховар» дар бораи имиҷи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи парлумонӣ
ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2020 ва палатаи болоӣ 27 март баргузор мешавад. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. «Дар раванди давлатдории демократӣ ҳам парламентаризм рушд кард ва ҳам низоми бисёрҳизбӣ аз лиҳози шумора ва сифат ташаккул ёфт ва фаҳмиши мардум нисбат ба интихобот дигаргун шуд. Парлумони сессиявӣ (қабл аз соли 2000-ум) ба Парлумони доимоамалкунанда ва касбӣ табдил шуд», — менависад коршиноси АМИТ «Ховар», муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф АБДУҶАББОРОВ.
Дар идома мавсуф чунин изҳори назар мекунад:
Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ пас аз интихобти парлумонии соли 2015 робитаи мутавозинро бо ҷомеа нигоҳ дошта, фаъолнокии сиёсии худро то марҳилаи кунунӣ ҳифз карданд. Қисмати дигар тайи ин солҳо аз иштироки фаъол дур буда, баъди эълони санаи интихобот чун «занбурӯғи баъди борон» боз пайдо шуданд. Ҳолати онҳо «вақти меҳнат гурехтану ба ҳосил умед бастан»-ро ифода мекунад. Бо вуҷуди ин, қоидаҳои интихобот аз раванди маъмулии меҳнат тафовут дорад. Дар охирин лаҳза ҷузъиёте, омиле ба бартарияти ин ё он ҳизби сиёсӣ таъсир расониданаш мумкин аст. Вобаста ба ин, аз нуқтаи назари пешбининамоӣ интихобот мураккабтарин раванди сиёсӣ ба шумор меравад.
Яке аз шаклҳои маъмули ояндабинӣ — ояндабинии стратегӣ мебошад, ки маъмулан он аз ҷониби коршиносони соҳаҳои мухталиф васеъ истифода бурда мешавад. Ояндабинии стратегӣ тариқи таҳлили вазъияти қаблӣ ва дар асоси он муайян кардани вазъияти оянда сурат мегирад, вале солҳои охир ин усул аз нуқтаи назари дақиқият аҳамияти худро тадриҷан аз даст медиҳад. Ба сари қудрат омадани Доналд Трамп, ки дар таърихи Амрико сарварони қаблӣ одатан аз насли элитаҳои сиёсӣ интихоб мегаштанд ва президент интихоб шудани ҳаҷвнигор Владимир Зеленский дар Украина чаҳорчӯби таҳлилҳои анъанавии коршиносонро шикастанд.
Дар мисоли Тоҷикистон низ агар аз нуқтаи назари ояндабинии стратегӣ баҳо диҳем, соли 2015 Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бояд дар интихобот баъд аз ҲХДТ фоизи зурурии овозҳоро ба даст меовард, зеро аз рӯйи таҷрибаҳои қаблӣ ҳизби мазкур ҳамеша баъд аз ҲХДТ қарор дошт. Албатта, бо тафовути қобили мулоҳизаи овозҳо. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон наметавонист ба Парлумон роҳ ёбад, чунки дар интихоботи қаблии парлумонӣ ҳамеша ноком буд. Дар мавриди худ, ҲКТ бо миқдори ками овозҳо аз ҷой дар Парлумон маҳрум шуд ва ҲСТ соҳиби як ҷой дар парлумон гардид. Бинобар ин, истифодаи методи ояндабинии стратегӣ амалан, дар таҳлили баъзе аз равандҳои сиёсии замони муосир, ба монанди интихобот чандон воқеӣ ба назар намерасад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисон фосилаи таърихии нигоҳҳои таҳлилӣ дар мавриди равандҳои ба интихобот мушобеҳ бисёр наздик интихоб карда мешавад, яъне дарки ҳолати имрӯза ва тафсири оянда.
Ҳолати кунунии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон низ имкон медиҳад, ки мақоми онҳо дар интихоботи оянда дар сатҳи муайян арзёбӣ карда шавад, вале дар ҳеҷ сурат ва бо ягон меъёру ченак наметавон дақиқан натиҷаҳои раъйи ба ҳизбҳои сиёсӣ додашавандаро «фоизбандӣ» кард.
Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар низоми сиёсии мамлакат ҷойгоҳи муайяни худро соҳиб мебошанд.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон. Ҳизби мазкур айни замон аз нуқтаи назари ҷой дар Парлумон тақрибан ҲКТ-ро иваз мекунад, зеро дар се давраи аввали интихоботи парлумонии ҷумҳуриямон ҲКТ ҳамеша мақоми дуюмро касб мекард, ҳоло ҲАТ бо касби се ҷой дар Парлумон як навъ меросбари мақоми ҲКТ аст. ҲАТ миёни омма «нармтарин» ҳизби сиёсӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Ин тарзи баҳогузории шаҳрвандон шояд ба мавқеи мӯътадили асосан роҳбарияти ҳизб ва тарзи номгузории он вобаста бошад. Ҳарчанд ҳизби сиёсӣ бе идеология ва дур аз сиёсат мавҷуд буда наметавонад, вале ҲАТ ягона ҳизбест, ки аз рӯйи номи худ ҳизби «ғайриидеологӣ» ва «ғайрисиёсӣ» ба назари омма вонамуд мешавад, зеро дар фарқ аз ҳизбҳои дигар унсурҳои идеологию ислоҳотталабӣ дар номгузории ҲАТ дида намешавад. Он ҳизби аграрист ва баёни ҳолати табиии рушди мамлакат аст. Бо вуҷуди ин, ном ҳеҷ гоҳ баёнгари асл ва ҳадаф нест ва ҲАТ низ дар ин росто комилан як неруи сиёсии қобили мулоҳиза дар мамлакат мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳизби мазкур имкон дорад ҷойи худро дар Парлумон ҳифз кунад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. Эҳтимол дар барномаҳои пешазинтихоботии ҳизб соли 2020 масъалаҳои васеи саноатикунонии босуръат бештар ба назар расанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии худро саноатикунонии босуръат эълон намуд, ки он як бахши бузурги ҳадафи рушди ҷумҳурӣ, на дар як ё ду даҳсолаи оянда, балки давоми асри ҷорӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин ҷиҳат, тарҳу зикри барномаи ояндаи ҲИИТ бо дарназардошти ҳадафи чоруми мамлакат ҳам имконият ва ҳам ҳолати муқаррарӣ хоҳад буд. Вобаста ба он, ки ҳизби мазкур дидгоҳи ислоҳотталабиро дар бахши иқтисод пеш мегузорад, ҳузури намояндагони он дар Парлумон зарур аст, зеро аз дидгоҳи барномарезии стратегӣ дар самти саноатикунонии босуръат ниёз ба вакилони иқтисоддон дар Парлумон бештар мегардад.
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Азбаски ҲКТ ҳам дар даврони Шӯравӣ ва ҳам баъд аз истиқлолият як қувваи шикастнопазири сиёсӣ қабул шуда буд, дар интихоботи соли 2015 ноком шудани он як марҳилаи душвортарини равонӣ барои роҳбарият ва аъзояш ба шумор мерафт. Новобаста аз ин, ҲКТ аз ҷумлаи ҳизбҳоест, ки дар сатҳи роҳбарияташ (марҳум Исмоил Талбаков) аз аъзои худ даъват намуда буд, ки «дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ оянд». Ин мавқеъ, албатта, аз як ҳизби сиёсӣ доштани иродаи бузургро тақозо мекунад. ҲКТ ҳадаф дорад, ки дар интихоботи парлумонии оянда иштирок намояд ва дар сурати пешниҳоди барномаҳои ҷолиби пешазинтихоботӣ имкони роҳ ёфтани намояндааш дар Парлумон мавҷуд аст.
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. ҲСТ то соли 2015 ҳамеша дар интихоботи парлумонӣ (аниқтараш дар интихоботи соли 2005-2010) бар асари монеаи 5-фоиза ноком буд, вале аз соли 2015 бо 5,5 % овоз як намояндаи он ба Парлумон роҳ ёфт. Дар дохили ҳизб ҳанӯз аз ибтидои солҳои 2000-ум мухолифатҳо, асосан дар сатҳи роҳбарияташ мавҷуд буданд ва он имрӯз низ пурра аз байн нарафтааст ва ин яке аз монеаҳо дар самти касби бештари неру барои ҳизб аст. Ҳизб ҳамеша ҷонибдории худро аз сиёсати Пешвои миллат иброз медорад. Ин мавқеи ҲСТ чеҳраи оппозитсионӣ доштани онро мутлақо аз байн мебарад ва дар оянда барои нигоҳ доштани нуфузаш кумак хоҳад кард.
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон. ҲСДТ ҳамеша мавқеи оппозитсионии худро нигоҳ медорад. Дар ягон давраи интихоботи парлумонӣ муваффақ нашудааст. ҲСДТ аз нигоҳи эътибору қудрат нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ зарфияти нисбатан камро соҳиб аст. Шумораи аъзои ҳизб низ хеле кам мебошад. Мушкилие, ки ҲСДТ дар маъракаи интихоботӣ рӯ ба рӯ мешавад, ин пушти сар карда натавонистани монеаи 5%-а аст, яъне зиёда аз 5% -и овозҳои шумораи умумии интихобкунандагонро ба даст оварда наметавонад. Роҳбари ҲСДТ аз мушкилии гаравпулии номзадҳо барои интихоботи порлумонӣ барои иштироки намояндагонаш дар интихобот изҳори назар кардааст*. Азбаски дар баробари эътибор, ҷанбаи молиявии ҲСДТ низ гирифтори буҳрон аст, кӯшиши иштирок дар интихобот барои он фақат аз як нуқтаи назар — «номуси сиёсӣ» метавонад сурат бигирад.
Ҳизби демократии Тоҷикистон. ҲДТ моҳи феврали соли 2005 бори аввал дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ширкат варзид ва натавонист ба Парлумон ворид шавад. Дар интихоботи охирини парлумонии Тоҷикистон соли 2015 ҲДТ тавонист 1,7% овоз гирад. Ин бори аввал дар таърихи ҲДТ имконият фароҳам овард, ки ҳизб як намоянда ба Парлумони Тоҷикистон пешниҳод кунад. Тайи панҷ соли намояндагӣ дар Парлумон намояндаи ин ҳизб нисбатан фаъол ба назар мерасид. Дар муҳокимаҳои лоиҳаҳои қарору қонунҳо ва масъалаҳои дигари ҷомеа ҳамеша мавқеи худро иброз менамуд. Ин имкон дод, ки ҳизби мазкур дар симои роҳбари имрӯзааш Саидҷаъфар Усмонов миёни мардум ба ҳадде эътибор касб кунад. Роҳбарияти ҳизб аз он изҳори умед кардааст, ки дар интихоботи оянда ҲДТ 10 ҷой ба даст хоҳад овард. Ин баёния, албатта, барои рӯҳбаланд кардани аъзои ҳизб ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум аст. Дар асл, ҳизби мазкур имконияти камтаринро барои воқеӣ шудани ин умедаш соҳиб мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Ин бонуфузтарин ҳизби сиёсии мамлакат аст ва аз рӯйи эътибору иқтидор (маъмурӣ, идеологӣ, аъзо ва таркиби иҷтимоии пайравонаш) бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. ҲХДТ ҳам иқтидори зиёди маъмурӣ дорад (аксарияти ҷой дар Парлумон) ва ҳам эътибораш миёни омма бузург аст. Ҳизбро се омили асосӣ қувват медиҳанд:
1) Роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Омма дар симои ҳизб роҳбари оқилу доно ва дар симои роҳбари он ҳизби тавоноро мебинад.
2) Неруи зеҳнии ҳизб бисёр бузург аст. Таркиби онро дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни пешқадами ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Зиёда аз ин, ҲХДД таҷрибаи 25-солаи фаъолияти пурсамар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро соҳиб мебошад. Сифатнокии таркиби ҳизб ба самаранокии фаъолияти он мусоидат мекунад.
3) Барномаҳои ҳизби мазкур ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди васеи соҳаҳои мамлакат мебошанд. Ин ҷиҳат ҳизбро ба як қувваи давлатсоз табдил додааст.
Дар солҳои охир қаноти ҷавонони ҳизб бисёр тақвият меёбад. Гуфтан метавон, ки ҷавонони ҳизб яке аз неруҳои фаъолтарини маъракаҳои сиёсӣ дар мамлакат мебошанд. Зиёда аз ин, доштани дастгоҳи пурқуввати ташвиқоту тарғибот: нашрияҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ ба ҳизб боз ҳам қувваи дигар мебахшанд. Бинобар омилҳои болозикр, ғалабаи ҲХДТ дар интихоботи парлумониро ҳамчун аксиома бояд пазируфт ва он ягон шубҳаеро набояд ба вуҷуд орад.
Дар маҷмӯъ, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷузъи инкорнашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раванди давлатдории демократӣ ба шумор мераванд. Муҳим он аст, ки фарҳанги сиёсии омма дар қолаби арзишҳои миллию демократӣ рушд намояд. Мардум бояд ҳадафҳои ҳаётию шаҳрвандии худро бо ҳадафҳои оинномавии ҳизбҳои сиёсӣ муқоиса ва мувофиқа карда тавонанд. Дар ин сурат иштироки фаъол ва оқилона дар интихобот таъмин хоҳад гашт.
Маъруф АБДУҶАББОРОВ,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
* «Гарави интихоботӣ – шарти муҳими интихобот». Мулоҳизаҳои коршиноси АМИТ «Ховар», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дилшод Сиддиқов роҷеъ ба ин мавзуъ. (Ниг. www.khovar.tj, 2 январи соли 2020).