«Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист»-таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи публисистӣ эълон гардид

Январь 20, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи публисистӣ эълон менамояд.

Озмуни мазкур  миёни ҷавонони касбу кори гуногун доир шуда, дар он олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок карда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро дар шакли электронӣ ва хаттӣ то 10 феврали соли 2020 ба унвони Кумита тавассути почтаи электронии tjavononi@gmail.com ирсол ирсол намоянд.

Ғолибон дар тантанаҳои ҷашние, ки  ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Январь 20, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд