ИМРӮЗ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН. Давлаталӣ Саид миннатдории Пешвои миллатро барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳо ба онҳо расонид

Январь 22, 2020 17:17

ДУШАНБЕ, 22.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 январ  кормандони  соҳаи гуируки  Тоҷикистон иди касбии худ- Рӯзи таъсиси Хадамоти гумрукро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар асоси муқаррароти моддаи 486 –и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими савгандёдкунии як гурӯҳ ҷавонафсарон бо иштироки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генералмайори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода баргузор гардид.

Баъд аз маросими савгандёдкунӣ Сардори хадамоти гумрук дар бораи ташаккул ва рушди мақомоти гумрук дар даврони истиқлолияти давлатӣ иброз дошт, ки  “айни замон бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти гумрук  ҷиҳати муҷҷаҳазгардонии дидбонгоҳу озмоишгоҳҳо ва амалӣ намудани корҳо дар самти ташкили низоми электронии назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ давра ба давра тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд”.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҷаҳонии гумрук ва иштирокчии зиёда аз 120 конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад.

Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумруки ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик ба як ниҳоди нақшгузори иқтисодиёти мамлакат табдил ёфта, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид гумрукчиёнро бо иди касбиашон табрик намуда,   аз фаъолияти назарраси кормандони ин мақомот  ёдовар шуд. Мавсуф барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони  мақомоти гумрук расонд. Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки минбаъд низ дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд  саривақтӣ иҷро гардад. Зикр кард, ки шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии мамлакат, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ идомаи  фаъолияти пурмаҳсулро талаб дорад.

Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти гумрук зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор  дошта, дар ҳамоиши идона муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо қарори Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои штирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои фаъолона иштирок намудан дар корҳои Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва саҳми арзанда дар рушди ҳамкории байналмилалии гумрукӣ ба роҳбарият ва кормандони Хадамоти  гумрук мукофотҳо супорид.

Ҳамзамон бо фармоиши Сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳо, ифтихорнома, медали ҷашнии «25-солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти гумрук» сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки гумрукчиёни тоҷик соли 2020 иди касбии худро дар ҳоле таҷлил  намуданд, ки соли гузашта аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ 365,6 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Маблағи ҷамъоварӣ намудаи пардохтҳои гумрукӣ соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба андозаи 652,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2020 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад