ИНТИХОБОТ-2020. Дар 30 давлат 39 участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи навбатии КМИР қарори дахлдор қабул гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи навбатии КМИР имрӯз, 16 январ таҳти роҳбарии Раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, ки дар он шаш масъалаи вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, ташкили гурӯҳи кории Комиссия оид ба қабул ва таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили участкаҳои интихоботӣ дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, тасдиқи ду «Роҳнамо» барои комиссияҳои ҳавзавӣ ва волонтёрон ва дигар масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қабул гардиданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофияти раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ даъватномаҳо ирсол намуд
Аз ин рӯ, ҷиҳати ташкили фаъолияти босамари мушоҳидони байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи омодагӣ ба баргузории маъракаи интихоботӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ворид гардиданд.










Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






