Лигаи Чемпионҳои Осиё-2020: имрӯз «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Локомотив»–и Тошканд рақобат мекунад

Январь 21, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 январ, чемпиони Тоҷикистон–бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври дуюми интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё-2020 бо дастаи «Локомотив»–и Тошканди Ӯзбекистон рақобат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив» дар Тошканд доир шуда,  соати 15:00 ба вақти Тоҷикистон оғоз мешавад.

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои АФК-2020  чемпиони Тоҷикистон бояд «Локомотив» -ро мағлуб кунад  ва сипас 28 январ дар плей-офф бар клуби Ал-Аҳли Арабистони Саудӣ ғолиб ояд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2020

Минтақаи ғарбӣ

Даври дуюми интихобӣ

21 январ (сешанбе)

Оғоз — 15:00 ба вақти Тоҷикистон

«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Довари марказӣ: Ҳуссейн Або Яҳё (Лубнон).

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

Акс аз сомонаи «Истиқлол»

Январь 21, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид