Мирзошариф Ҷалолов дар вохӯрии Синдзо Абэ бо сафирон-донандагони забони японии муқими Токио иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар қароргоҳи давлатии Сарвазири Япония Синдзо Абэ вохӯрӣ бо сафирон-донандагони забони японии муқими Токио баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов низ иштирок дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сафир ба Сарвазири Япония паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли Нави мелодии 2020 расонид.
Дар вохӯрӣ Сарвазир доир ба дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷии Япония дар солҳои ахир маълумот дод. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ миёни иштирокдорон табодули афкор атрофи Бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ва таблиғи фарҳанги японӣ дар хориҷа сурат гирифт.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






