ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад

Январь 21, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 21 то 25 январ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. 21-22 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма дар назар дошта шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани  барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  6-11 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 30-35 ва рӯзона 14-19 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва   рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва барф меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ шуда, туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рӯзона 2-7 дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва  рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Январь 21, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад