Парвози ҳавопаймоҳои граждании Амрико дар фазои Эрон ва Ироқ манъ карда шуд

Январь 8, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ Ховар/. Раёсати федералии авиатсияи (РФА) ИМА парвози ҳавопаймоҳои граждании Амрикоро дар фазои Ироқ, Эрон, халиҷҳои Форс ва Уммон манъ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

«РФА вазъ дар Шарқи Наздикро муттасил пайгирӣ менамояд»,-гуфта мешавад дар хабар.

Тибқи итилои РФА, маҳдудиятҳо «дар робита ба афзоиши амалиёти ҳарбӣ ва ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар Шарқи Наздик, ки ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии граждании Амрико хатари эҳтимолӣ доранд» ҷорӣ шудаанд.

Тавре Пентагон қаблан тасдиқ кард, Эрон ҳадди ақал ба ду пойгоҳи низомӣ дар Ироқ, ки ИМА истифода мекунад, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Ҳамлаҳо ба пойгоҳи Айн ал-Асад ва фурудгоҳи Эрбил зада шуданд. Бино ба хабарҳои расонаҳо, дар ин ҳамлаҳо тахминан аз даҳҳо мушак истифода шудааст.

Январь 8, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд