Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати гармхонаҳо ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода шинос шуданд

Январь 3, 2020 14:18

ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар деҳаи Зарбдор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти меҳнаткашони Хоҷагии деҳқонии “Доно” шинос шуданд.

Дар ин хоҷагӣ парвариши сабзавоти барвақтӣ- помидор дар шароити гармхона ба роҳ монда шудааст.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Доно” дар масоҳати 0,60 гектар гармхона ташкил карда шудааст, ки дар он беҳтарин навъҳои помидор парвариш карда мешаванд.

Хоҷагии мазкур соли 1996 ташкил гардида, то имрӯз саҳмдорони он бо гирифтани ҳосили баланд дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот содироти онро ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда, даромади хуб мегиранд.

Президенти мамлакат барои истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ баҳои баланд дода, ба меҳнаткашон ҷиҳати рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус помидор маслиҳатҳои муфид доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Турсунзода ва хоҷагидорон дастуру ҳидоят доданд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда бозорҳои пойтахти мамлакат- шаҳри Душанберо дар ҳама фасли сол, бахусус зимистон бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.

Сокинони меҳнатқарини шаҳри Турсунзода барои дастгириҳо ва талошҳо баҳри беҳдошти шароити кору зиндагиашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Баъд аз шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон ва фаъолони шаҳри Турсунзода суҳбати озоду самимӣ намуданд. Сарвари давлат ба кишоварзон оид ба истифодаи оқилонаи замин ва анҷоми саривақтии корҳои саҳроӣ дастуру маслиҳати муфид доданд.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «Боғи Сомон», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор меравад, дидан намуданд.

Дар 0,50 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар моҳи январ ҳосили ангур бо усули нигоҳдории табиӣ дар шохаҳои токзор мавҷуд аст, ки аз фаъолияти босамари аҳли заҳмат башорат медиҳад.

Ахли заҳмати Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро доранд, ки ҳамасола даҳҳо тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар заминҳои Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» 7 намуди ангур, аз ҷумла «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешаванд, ки тибқи нишондиҳандаҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар доштанд.

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба чорводорӣ низ машғул аст.

Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1102 нафар саҳмдор дорад.

Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бойи корӣ ва шароити мусоид буда, ҳамасола зиёда аз 1000 тонна маҳсулот дар сардхонаҳои он нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамзамон аз ҳосили имсола дар сардхонаҳои хоҷагии мазкур ангур нигоҳдорӣ шуда, барои таъмини бозорҳо бо ин номгӯи мева аҳли заҳмат фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар маҷмӯъ, хоҷагии мазкур имконият дорад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро дар сардхонаҳо захира намуда, бо назардошти талабот дар дигар фаслҳои сол онро ба бозорҳои мамлакат барорад.

Дар хоҷагии мазкур ҳамчунин сардхонаҳо барои нигоҳдории сабзавот, аз ҷумла сабзӣ мавҷуд буда, аҳли заҳмат имсол ба қадри кофӣ ин номгӯй маҳсулоти кишоварзиро захира намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода ба манзили истиқоматии яке аз деҳқонони асил, ангурпарвари номӣ шодравон Ҳоҷӣ Камол, ки солҳои тӯлонӣ мешинохтанд, ташриф оварда, дуову фотиҳа хонданд.

Дар шаҳри Турсузонда Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.

Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парвариш карда ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» шинонидаанд ва аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.

Заҳматкашони ин хоҷагӣ дар шаҳри Турсунзода мактаби махсуси худро доранд ва ҳамасола дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош бар он мекунанд, ки майдони киштро боз ҳам васеъ намоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.

Дар назди хоҷагӣ ҳамзамон сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 500 тонна бо мақсади захираи маҳсулот бунёд гардидааст, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад.

Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ, ки дар баробари ангурпарварӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ низ таҷрибаи ғанӣ доранд, ҳамзамон дар як қитъа 20 номгӯй ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш меёбанд, ки барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр пешниҳод мегардад.

Дар маҷмӯъ, хоҷагидорони шаҳри Турсунзода дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дошта, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм мегузоранд.

Шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода 03.01.2020

Январь 3, 2020 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд