Press TV: Эрон ба пойгоҳи низомии ИМА дар Ироқ зарбаи мушакӣ зад

Январь 8, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан бист сарбози америкоӣ бар асари зарбаи мушакӣ ба иншооти ИМА дар Ироқ қурбон шуданд. Иншооте, ки ба он зарба зада шудааст, «Айн Ал-Асад» буда, дар ғарби Ироқ воқеъ мебошад.

Тавре «Press TV» хабар медиҳад, Теҳрон масъулияти ҳамлаи мушакиро бар дӯш гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамагӣ сӣ мушаки баллистикӣ партофта шудааст.

«Ин амали ҷавобӣ ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мебошад», — гуфт намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (воҳидҳои баргузидаи қувваҳои мусаллаҳи Эрон).

Ба иттилои «Press TV», ки навори ҳамларо низ нашр кард, даҳҳо мушак партофта шудаанд.

ВАО дар бораи хисорот ва осебдидагон иттилоъ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 3 январ америкоиҳо дар наздикии фурудгоҳи Бағдод генерали эронӣ Қосим Сулаймониро куштанд. Теҳрон иброз дошт, ки 13 сенарияи қасосгирӣ аз ИМА-ро дорад. Дар посух президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дод, ки ба 52 ҳадаф дар Эрон «зарбаи зуд ва сахт» мезанад.

Тавре субҳи 8 январ ТАСС хабар дод, президенти ИМА Доналд Трамп ва вазирону ёварони калидии ӯ имрӯз дар робита ба ҳамлаи мушакии Эрон ба як қатор пойгоҳҳои низомӣ дар Ироқ ҷаласаи фаврӣ баргузор карданд. Ширкатҳои хабарии ИМА наворҳои ба Кохи Сафед омадани сардори Пентагон Марк Эспер ва котиби давлатии ИМА Майкл Помпеоро нишон доданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои «RT», президент Трамп қабл аз мулоқот ҳамлаҳои мушакии Эронро ба пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ ба таври мухтасар шарҳ дод.

«Ҳамааш хуб аст», — навиштааст Трамп дар «Twitter».

Ба гуфтаи у, айни ҳол маълумот дар бораи қурбониён ва осебдидагон дақиқ карда шуда, инчунин хисороти расонида ҳисоб карда мешавад.

Трамп илова намуд, ки азм дорад субҳи рӯзи чоршанбе, 8 январ дар мулоқот бо вазирону ёварони асосӣ изҳорот диҳад.

Январь 8, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд