Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Владимир Зеленский барқияи тасаллият ирсол намуданд

Январь 8, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Владимир Зеленский барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ ,

Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар ин рӯзҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии самимӣ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти амиқи хешро иброз медорам».

Январь 8, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд