Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ДороАртФудро ба истифода доданд.
Корхонаи муосири саноатӣ аз ду хатти технологӣ иборат буда, иқтидораш дар як моҳ коркарди то 600 тонна меваю сабзавотро ташкил дода, дар як сол ба 7200 мерасад.
Дар маҷмуъ 28 намуди меваю сабзавот, аз ҷумла себ, нок, олуи сиёҳ, лиму, хуч, пиёз, сабзӣ, каду, қаланфур, карам ва намудҳои гуногуни кабудиро коркард ва аз он мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсулоти ғизоии содиротӣ истеҳсол менамояд.
Маоши моҳонаи кормандони корхона аз 4300 сомонӣ боло аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхонаи нави саноатӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллиро то сатҳи ниҳоӣ намунаи амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат арзёбӣ намуданд.
Меваю сабзавот аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷамъоварӣ ва дар ин корхона коркарду аз он 50 намуди маҳсулоти содиротӣ омода карда мешавад.
Аз ҳама муҳим корхонаи нав метавонад ҳосили то 1000 гектар заминро коркард ва аз он маҳсулоти гуногуни хурока тавлид намояд. Аз ҷониби дигар тавассути коркард талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ дар фаслҳои тобистону тирамоҳ пешгирӣ мегардад.
Дар марҳилаи якум то 80 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд ва баъди ба фаъолият оғоз кардани марҳилаи дуюми корхона ин теъдод то ба 300 коргар расонида хоҳад шуд.
Тибқи нақша дар марҳилаи дуюми корхона бунёди сардхона, коргоҳи басту банди меваю сабзавот, озмоишгоҳи замонавӣ барои омӯзиши таркиби хок ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст.
Баъди таъсисёбии озмоишгоҳ хоҷагиҳое, ки бо корхона ҳамкорӣ мекунанд, дар доираи таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот таркиби хок омӯхта шуда, барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин тавсия ва маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Технологияи корхона аз Италия ва Чин ворид карда шудааст ва имкон дорад, ки мувофиқ ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргаронро ба истифодаи бомавриди имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармоя, афзалият дар истифодаи технологияи муосир, коркарди ашёи хом то сатҳи ниҳоӣ ва рушди саноати миллӣ ҷалб намуданд.









МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






