«Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ — роҳи беҳтарини ҳалли мушкили норасоии он». Мулоҳизаҳои Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» дар партави Паёми Пешвои миллат

Январь 6, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 06.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки  «бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст». Дар робита ба ин мавзӯъ раиси Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Мирзо ИСМОИЛЗОДА дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

— Воқеан, дар соҳаи мо — энергетика низ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Маҳз дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуданд.

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хосса доранд ва ин соҳаи муҳимро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.

Дар Паёми имсола зикр шудааст, ки соли 2019 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар НБО «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Таҷдиди НБО «Сарбанд» аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад. Имрӯз корҳо барои оғози бунёди НБО «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ босуръат идома доранд. Бо ин мақсад, Ҳукумат беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатиро равона менамояд ва мо ният дорем, ки ин иншооти муҳимро соли 2022 ба истифода диҳем. Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт — соат) афзоиш ёбад.

Инро махсус бояд зикр намуд, ки маҳз таваҷҷуҳи  Пешвои муаззами миллат имконият муҳайё сохт, ки неругоҳҳои  мо умри дубора пайдо намуда, торафт пуқудрату боэътимод гарданд. Ҳақиқатан ҳам яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар солҳои истиқлолият амалӣ гардид, албатта, ин таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда буд.

Бо дастури Пешвои миллат аз соли 2006 марҳилаи аввали таҷдиди НБО «Норак» оғоз ёфт. То ин дам  чархи кории  агрегатҳои №3 ва №8 иваз карда шуд, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи – 220 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ – 220 кВ ва  дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи -500 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ – 500 кВ  иваз карда шуданд. Инчунин  бори аввал дар таърихи неругоҳ таъмири асосии дарбанди куравӣ гузаронида шуд. Бар иловаи ин, 20 марти соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа неругоҳи мазкур таҷдид ва боэътимод гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

НБО «Қайроққум» – «Дӯстии халқҳо» ягона неругоҳи барқи обӣ дар вилояти Суғд мебошад. Аввалин агрегати он  соли 1956 ва агрегати охирин, яъне шашуми он охири соли 1957 ба истифода дода шуда буд. Аслан гирем, таҷҳизоти асосии неругоҳ барои 25 сол ва иншооти гидротехникии он барои 50 сол пешбинӣ шуда буданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маънои томаш умри дубора бахшидан ба неругоҳ мебошад. 23 августи соли 2019 Президенти мамлакат бо ҷараёни навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд. Баъди татбиқи лоиҳа  тавононии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Бо дастгирӣ ва дастурҳои бевоситаи  Сарвари давлат дар чанд соли охир инфрасохтори системаи энергетикии  ҷумҳурӣ низ таҷдид гардид. Бунёди хатҳои барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол»,  «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Роғун – Душанбе-500», «Айнӣ-Панҷакент», таҷдид ва ё иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии шабакаҳои барқӣ  ҳам соҳаро  пой бар ҷо нигоҳ дошт ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқиро дар ҷумҳурӣ хеле беҳ намуд. Овардани ҳамин далел кофист, ки дар давраи истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика бе назардошти НБО «Роғун» ба қадри 1520 МВТ зиёд шуд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст.

Дар Паёми имсола ҳамчунин таъкид гардид, ки  бояд ба  истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бешубҳа, ин масъала хеле муҳим ва асосӣ мебошад. Аз рӯи  маълумоти СММ, дар  тамоми сайёра таъминот ба неруи  барқ  қаноатбахш нест. Имрӯзҳо давлатҳои абарқудрат низ аз неру танқисӣ мекашанд.

Тавре дар Паёми навбатӣ зикр шудааст, тибқи ояндабинии ниҳоди марбутаи СММ аҳолии кураи Замин соли 2050 то 9,7 миллиард нафар афзоиш меёбад. Мувофиқи ҳамин дурнамо, аҳолии мамлакати мо соли 2050 ба 17 миллион нафар мерасад.

Дар ин замина, табиист, ки талабот ба неруи барқ низ сол то сол меафзояд. Вобаста ба ин, ду роҳи роҳи беҳтарини ҳалли мушкили норасоии неруи барқ пешниҳод мегардад:

  1. Афзун кардани иқтидорҳои  истеҳсолӣ, яъне  сохтмони  неругоҳҳои  нави  барқӣ  ва  дигар  манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ.
  2. Мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ.

Аз тарафи мутахассисон шарҳ дода мешавад, ки ҳам аз назари  мантиқӣ  ва  ҳам  аз  назари  иқтисодӣ  роҳи  дуюм, яъне сарфакорона  истифода  бурдани  неруи барқ беҳтарин аст, зеро он дастрастар, наздиктар, осонтар  ва  арзонтар   арзёбӣ мегардад.  Худатон тасаввур кунед:  барои  сохтмони  иқтидорҳои  нав  қувва, маблағ ва вақт  зарур  меояд. Вақт  ба  фоидаи  мо  нест, чунки  иқтидорҳо  дар  як  солу  ду  сол  сохта  намешаванд ва  мо аз  дараҷаи  афзоиши  талабот  қафо  мемонем. Аз ин хотир, риояи ана ҳамин  фарҳанги сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ зимни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакати мо пешниҳод гардид. Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  15  апрели соли 2009 дар ин масъала аввалин дастури муҳим, ҷиддӣ ва асоснокшуда ба шумор меравад, ки ба сокинони ҷумҳурии мо пешниҳод гашт.

Гузаштан ба технологияи каммасраф ва риояи фарҳанги истифодаи барқ имрӯз тадбири ҷиддӣ ва муҳим аст, ки барои таъминоти беҳтари  барқ пешниҳод мегардад.

Мутахассисони Ширкати «Барқи Тоҷик» ҳам аз ҷиҳати ворид намудани технологияи муосири ҳисоби неруи барқ ва ҳам тарғиби роҳҳои сарфакорона истифода бурдани барқ бо муштариён, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич доранд. Нашр шудани дастури «Маърифати энергетикӣ» ва ба муштариён паҳн намудани он аз гӯшаи ин тадбири муҳим мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи Паём зикр карданд, ки «бовар дорам то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем».

Бешубҳа, энергетика дар мамлакати мо рӯ ба рушду тараққист ва ба ҳалли  проблемаҳои он  ҳам дар сатҳи баландтарини давлату Ҳукумат ва ҳам мутахассисону кормандони Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷиддӣ машғуланд. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон шудани расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад. Бо ин ҷидду ҷаҳд то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бисёр мушкилоти ин соҳа низ ҳалли худро хоҳанд ёфт ва мо баҳри таъминоти  хубтари ҷумҳурӣ бо барқ саҳми худро мегузорем.

Ҳадафи асосии ҳар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи таҳлили пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва пешниҳоди дастуру супоришҳои нав бобати ҳалли проблемаҳои мавҷуда беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти иҷтимоӣ ва таъмин намудани зиндагии шоиста барои мардуми ҷумҳурӣ мебошад.

 Таҳияи
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд