СОЛИ 2020 – СОЛИ МАЪРИФАТИ ТАЪРИХӢ. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат
ДУШАНБЕ, 04.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мутолиаи саросарӣ ва гузаронидани хонишҳо аз рӯи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров барои эҳёи андешаи миллӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ заминаи муҳим мегузоранд, зеро вазъияти ҷаҳони мутамаддин тақозо мекунад, ки новобаста аз қишри иҷтимоӣ ҳар шаҳрванди мамлакат бояд аз гузаштаи худ огоҳ бошад ва дар ҳимояи муқаддасоти милливу давлатӣ зираку ҳушёриро аз даст надиҳад. Ин нуктаро бо бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат аз 26 декабри соли 2019 номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Хосият ОЛИМӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Масуф дар идома чунин изҳори андеша намуд:
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола масъалаҳои муҳими ҳаёти хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, ҳамчун дастур барои масъулини соҳаҳои марбута хидмат менамоянд.
Яке аз омилҳои рушду тараққӣ ва эҳёи миллату давлатҳо дар ҷаҳони муосир маорифпарварӣ мебошад. Маорифпарварӣ ва рушди илм дар таърихи ҳар миллат ҳамчун марҳилаи эҳё ва ташаккули зеҳнӣ шинохта мешавад. Мо метавонем замони салтанати Оли Сомонро давраи тиллоии миллати хеш бишуморем, ки он замон марҳилаи нави ташаккули забону фарҳанги тоҷик оғоз гардида, чун пояи мустаҳкаме дар рушди минбаъдаи кохи донишу заковат ва фитрати тоҷикон хидмати нотакроре намудааст.
Баробари ба даст овардани истиқлолияти миллӣ барои эҳёи ганҷҳои нуҳуфтаи фарҳангу адаби миллат заминаҳои наве фароҳам омаданд. Андешаҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ роҷеъ ба масъалаи маърифати таърихӣ бори дигар мардумро водор бар он менамоянд, ки нисбат ба гузаштаи худ набояд бепарво бошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар осори илмӣ-сиёсӣ ва тамоми суханрониҳояшон дар мавриди омӯзиши осори ниёгон ва дар амал татбиқ намудани истиқлолияти фарҳангӣ ибрози назар карда, зимнан ифтихор аз гузашта ва сабақ гирифтан аз таърихи ниёгонро борҳо таъкид намудаанд. Дар иртибот ба ин метавон андешаи Пешвои муаззамро аз китоби «Чеҳраҳои мондагор» мисол овард, ки тазаккур додаанд: «Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст».
Дар ҳамин асар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандаи гиромии худ муроҷиат менамояд, ки «тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нухбагони сарзамини хешро ҳифз кардаанд».
Таъкид кардан зарур аст, ки дар асари Вамбери Арсений мавсум ба «Саёҳати Осиёи Миёна» (www.vostlit.info/Texts/rus12/Vambery/text3.htm») дар мавриди куҳанбунёдии тоҷикон сухан рафта, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки «тоҷикон аз қадим қисмати асосии аҳолии Осиёи Миёнаро ташкил намуда, ҳатто то омадани дини ислом дорои фарҳанг буданд ва ҳарчанд ки аз кишвардорӣ маҳрум шуда бошанд ҳам, аммо нақши асосиро дар соҳибфарҳанг намудани ҳокимони худ аз даст надода буданд».
Дарвоқеъ, замони муосир ба ҳайси замони фарҳанграбоӣ ва лағв кардани хотираҳои таърихӣ аз ҷониби миллатҳое, ки фитрати миллӣ надоштаанд, ба қайд гирифта шудааст. Бархӯрдҳои зиёди фарҳангӣ моро водор менамоянд, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ саъю талоши зиёде намоем ва нагузорем, ки насли ҷавон аз гузаштаи худ лаҳзае дур шавад. Дар радифи ҳамин метавон таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати шинохти гузаштагон мисол овард, ки бе дарки ҷавҳари худӣ наметавонем ҳастии миллатро дар оянда пос дорем.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дастур доданд, ки «олимону донишмандони моро зарур аст ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».
Аз зумраи самимияти Президенти мамлакат баҳри баланд бардоштани маърифати таърихӣ интишори китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва тақсими он байни мардум мебошад. Ин асар фарогири маводи арзишманди илмӣ ва яке аз манбаъҳои муътамад роҷеъ ба таърихи миллати озодаи тоҷик буда, авзои сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷиконро дар марҳилаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор додааст.
Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ академики тоҷик Бобоҷон Ғафуров аз минбарҳои ҷаҳонӣ роҷеъ ба масоили Шарқ сухан мегӯяд ва узви кунгураҳои зиёде, масалан соли 1961 дар кишвари Гвинея ҳангоми Конгресси байналмилалӣ Раиси Фонди якдилии Осиё ва Африқо, соли 1966 узви кумитаи доимии Кунгураи байналхалқии эроншиносӣ (Эрон), соли 1967 узви фахрии Ҷамъияти шарқшиносони Полша интихоб гардида, соли 1968 ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мушарраф мегардад. Дар замони истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои наҷиби академик Бобоҷон Ғафуровро ба инобат гирифта, ӯро соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз менамояд.
Ин фарзанди фарзонаи миллат бо вуҷуди мавҷудияти тазодҳои идеологӣ тавонистааст асаре таълиф ва бо он исбот намояд, ки миллати фархундаи тоҷик дар Осиёи Миёна нақши тамаддунсоз доштааст.








«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид






