Спитамен Бонк: зимни пур кардани ҳамёни Qiwi тавассути SpitamenPay аз мизоҷон комиссия ситонида намешавад

Январь 21, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Спитамен Бонк   эълон намуд, ки  ҳангоми пур кардани ҳамёни Qiwi тавассути барномаи SpitamenPay аз мизоҷон ягон хел комиссия ситонида намешавад. Дар ин бора аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қаблан тибқи тарифҳои мавҷуда, ҳангоми пур кардани ҳамёни Qiwi ирсолкунанда бояд ба андозаи аз 1% то 3% комиссия пардохт мекард.

Бо назардошти бароҳатии мизоҷон Спитамен Бонк фаъолияташро тавре ба роҳ мондааст, ки хизматрасониҳои мавҷударо мунтазам такмил диҳад. Ҳамчунин хизматрасониҳои наверо, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он дастрас бошанд, ҷорӣ намояд.

Барои аксари ҳамватанони мо ин воситаи хеле хуб ҷиҳати пур кардани ҳамёни наздикон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он аст.

Январь 21, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири девони амирии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварии маҳсулоти полезӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҷаласаи XI Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавии иқлимӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Масъалаи татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки давлатҳои аъзои тарҳи «CASA-1000» баргузор гардид
Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои гурӯҳи кории AFI, DFSWG ва FISPLG баргузор шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1291 то 0.1280 сомонӣ муқаррар шудааст
Масъалаи кушодани парвозҳо дар масири Душанбе-Пекин ва Душанбе-Сиан баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол гардидааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва вазъи обрасонӣ шинос шуд