Ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид

Январь 8, 2020 09:41

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки демаркатсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Ӯзбекистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тарафҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки ба шарикии стратегӣ асос ёфаанд, зикр намуданд.

Дар ҷаласа санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва техникӣ тасдиқ карда шуданд, ки ҳамчун замина барои  демаркатсияи минбаъдаи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон хизмат менамоянд. Ҷадвали вохӯриҳо барои соли 2020 низ мувофиқа карда шуд.

Гуфтушунидҳо дар фазои созанда ва дӯстона баргузор шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Январь 8, 2020 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд